Намегузорем, ки бадхоҳе ва ё нохалафе ба Ватан исён

 

f6bb885b727acd99ac6fe914428092d3
Ҳифзи ватан, посдории арзишҳои миллӣ, фарҳангу маънавиёт ва ояндаи давлат аз зуҳуроти манфии ҷаҳонишуда, вазифаи муқаддаси ҳар фардӣ ватандор мебошад. Мо мардуми ватандӯст ва ватанпарвари Тоҷикистонро зарур аст, ки ҳамеша дар муқобили амалҳои нопоки гурӯҳҳои мусаллаҳи ифротиву террористӣ истодагарӣ намуда, муборизаи беамон барем, то тавонем дастаҷамъона решаи чунин нохалафонро сӯзонем.
Мутаасифона шаби 6- ноябри соли 2019, соати 03:23 дақиқа як гурӯҳи нохалафи ҷиноятпешаи мусаллаҳ, иборат аз 20 нафар ашхоси ниқобпӯш, бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии рақами №4- и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳуҷум намуда, дар пайи ин ҳамла 5 адад яроқи оташфишон (АКМ)-ро тассаруф намудаанд. Ин дафъа низ родмардони ҷасуру фидои ин ватану ин миллат, бо як шуҷоату мардонагӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат, дар пайи як амалиёти ниҳоӣ 15 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳро безарар гардонида, 5 нафарашонро боздошт намуданд. Дар пайи ин муноқиша ду сарбози далеру ҷасури Ватандӯст мардонавор барои ҳифз ва ҳимояи Тоҷикистон азизамон ҷони худро нисор намуданд. Ҳамагон хуб медонанд, ки родмардони Ватан ҳаргиз намемиранд! Бадхоҳон донанд ва огоҳ бошанд, ки мардуми меҳанқарини тоҷик намегузоранд, ки нохалафе, нопоке хоки поки кишварамонро палид созад!

Мирзошариф Абдусаломов 

"Андеша"

 

Садо