САФАРБАРИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ БА ДАРСҲОИ ОМӮЗИШИИ ҲАРБӢ

 

71869527 805472983183831_6887813364395802624_o
Имрӯз ҳайати кормандон ва хизматчиёни давлатии вазорату кумитаҳо барои омода будан дар ҳолатҳои фавқулода ҷиҳати ҳифзи марзу бум, хоки муқаддаси Ватан ба Маркази таълимии "Тоҷмаҳал" -и Донишкадаи ҳарбии Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ сафарбар гардиданд.

71200108 805472573183872_8627389562974371840_o

Ба иштирокчиёни ин сафарбарӣ дарсҳои муҳимми ҳарбӣ аз ҷумла ба қисмҳо ҷудо намудану пайваст намудани яроқҳои ҷангӣ, тарзи истифодаи маводҳои тарканда аз қабили (бомбаҳо, граннатаҳо..), муайянкунии маҳал аз рӯйи харита гузаронида шуда, дар хотимаи дарсҳо ҳар як корманд ва хизматчии давлатӣ бо истифода аз яроқи ҷангии "Калашников" 9 адад тир парронд. Натиҷаи типарронӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз афсарони эҳтиётӣ, кормандону хизматчиёни давлатӣ омодаанд, то дар ҳама ҳолат аз сиёсати давлатӣ ҳимоя намуда, баҳри ҳифзи Ватан, якпорчагии сарзамини аҷдодӣ ҷоннисор ва ҳомии меҳани хеш бошанд.


Ватан!

Як ваҷаб замини ту намедиҳам ба кас,

Ҳар ваҷаб замини ту муқаддас аст.

 

 

 

Садо