Истиқлолият

 

49512416 269013020695329_5885741533879017460_n

Бингар ба Ватан, Истиқлол омадааст,
Бар халқи Ватан чи иқбол омадааст.

Истиқлол аст дар тамоми кишвар,
Озодию сулҳ истиқбол омадааст.

Амнияту манфиати мардум таъмин,
Даврони ҳуқуқ, авҷу камол омадааст.

Бигзашт ҳама хорию нокомиҳо,
Як зиндагии поку ҳалол омадааст.

Таъмин бештар, зи пештар ҳам беҳтар,
Бар мардуми мо хушии ҳол омадааст.

Иқдому ташаббус бифузуд истиқлол,
Барномаи мо - оби зулол омадааст.

Истиқлолро кунем бо ёрон ид,
Бегона зи рашк бар суол омадааст.

Нодида гирифт аҷнабӣ ободиҳо,
Ногуфта сухан хамўшу лол омадааст.

Истиқлолият бидод равнақ ба ҳаёт,
Бар душмани наҳси мо завол омадааст.

Дар зиндагӣ идҳо агар бисёранд,
Истиқлолият ҳар сари сол омадааст.

Масъули сухан гашта ҷавонон ба Ватан,
Ҳар иқдоми Пешво фаъол омадааст.

Авзоъи Ватан ба эътидол омадааст,
Ин бахт ба Созмон мисол омадааст.

 

Садо