Артиши Ватан

 

 

40178827 242013803129467_1959959842905861007_n

 

 

Ҳаст пайдоиши Артиш ҳама таърихи Ватан,

Меҳнату заҳмату ору шарафи халқи куҳан.

Пешво сарвари Артиш пайи тадбири Ватан,

Лозим ояд бидиҳемаш сару ҷону дилу тан!

 

Дар дифои Ватан омода ҷавонони баор,

Ҷон барои шарафу нанги Ватан карда шиор!

 

Хурда савганд ба сад тантана бо номи Ватан,

Бош ҳушёр! Ту як дам зи Ватан чашм накан!

Марзи мо марзи дилу дидаву дидори Ватан,

Хар замон савти мутантан, пайи ҳам пой задан.

 

Дар дифои Ватан омода ҷавонони баор,

Ҷон барои шарафу нанги Ватан карда шиор!

 

Саф кашем, амр агар ҳаст, пайи ҳифзи Ватан,

Таҳти фармон ҳама афсар ба як имою сухан.

Амри хизмат ба ҳама шарт чу як қарзи Ватан,

Ҳаст тайёр ба хизмат ҳама - чи мард чи зан.

 

Дар дифои Ватан омода ҷавонони баор,

Ҷон барои шарафу нанги Ватан карда шиор!

 

Ҷоннисорему биёрем саодат ба Ватан,

Дар ниҳодем ҳама саф зада дар як маскан.

Дар қатор аст ҳама фикр садоқат ба Ватан,

Зери дастур дил омода шуда дар меҳан.

 

Дар дифои Ватан омода ҷавонони баор,

Ҷон барои шарафу нанги Ватан карда шиор!

 

Сафи афсар ва қатори мусалаҳ баҳри Ватан,

Ҳаст хидмат ба ватан ин мадади ҷону бадан.

Эй Ниҳонї, пайи фармонию ҳар амри Ватан,

Шуд фидоии Ватан, амни Ватан ҳастии ман.

 

Дар дифои Ватан омода ҷавонони баор,

Ҷон барои шарафу нанги Ватан карда шиор!

Садо