Бадахшони ман

 

Қуллаҳои ту баланду осмонат босафо,

Мардумат меҳмоннавозу бовиҚору хушсимо,

Пешрафти ту аён аст, ифтихори кишварӣ,

Таърифат дар баҳру бар кӯҳи баландат пурҷило.

Во дари Дарвозу Ванҷат доимо пурганҷ буд!

Манбаи фарҳанг Рушон, Шуғн обод доимо!

Хоруғат тоҷи сару, ҳам РоштҚалъа дилписанд,

Ишкошим, Гармчашма баҳри беморон даво.

Хатти сарҳад бин, ки бо Мурғоб гашта ҳамнафас.

Он ки як бораш бубинад, бехуде гардад ҷудо,

Гарчи ҳаст сарҳад туро бо давлати дигар басе,

Чун туро зебоиву боду ҳавое нест ҷо.

Дониёро, аз Бадахшон кардаӣ ту ифтихор,

Баҳри ободии ин мулк аз Худо кун илтиҷо!

 

Дониёр Сангинов

Омӯзгори ДМТ

Садо