ҶОННИСОРОНИ МИЛЛАТУ МЕҲАН

 

         
  Новобаста ба хатарҳои марговар табибони ҷоннисор, онҳое, ки ба қасами касбии худ то ба охир ҷавонмардона садоқат доранд, имрӯзҳо дар беморхонаҳои мамлакат барои наҷоти беморон аз ин вабои аср мубориза мебаранд.
Ҳаббазо, бар чунин табибон! Илоҳо Худованди карим, ба онҳо саломатӣ, неру ва пирӯзӣ бубахшад!

 

Қаҳрамонони миллату меҳан,

Эй табибони ҷоннисори мо!

Рамзи сидқу шуҷоату мардӣ,

Ҳиммату нанги рӯзгори мо!

 

Аввалинеду аввалин бошед

Дар хатар чун фитод ҷони халқ.

Вақти он аст по ба по хезед,

Монд чун дар хатар равони халқ.

 

Ҳарфи ман аз табиби ҷонсӯз аст,

Пайкаре, к-аз вафо бувад подор.

Ҳарфи ман аз шуҷоати Синост,

Аз табиби чу набзи дил бедор.

 

Ин расолат расолати олист,

Бар табибон варо Худо додаст.

Қудрати ҷони тоза доданро,

Ҷуз табибон, бигӯ, киро додаст!?

 

Бар табибон муборак ин маслак,

Ин ки мероси Бӯалӣ Синост.

Ҳифзи халқу наҷоти миллати худ,

Ин расолат, ки аз ҳама болост.

 

Ин шараф, ин шуҷоат, ин маслак,

Пешаи вежаи табибон аст.

Он ки дар пайравии кори Худо,

Боз бар халқ додани ҷон аст.

 

Қаҳрамонони миллату меҳан,

Эй табибони ҷоннисори мо!

Зинда монеду зиндатар бодо

Бо шумо нусрати диёри мо!

                                     Камол Насрулло

 

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо