Ташаббуси ҷавонон бахшида ба “Рӯзи пойтахт”, зери шиори “Саҳми ман дар шаҳри ман”

 

maxresdefault
«Ховар»/.
  18 апрел бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман» аксияи умумишаҳрии ҷавонон доир карда мешавад. Аксияи умумишаҳрӣ дар пойтахт аз соати 08:00 то 10:00 баргузор мегардад. Дар доираи он ҷавонон кӯчаву гулгаштатрофи бино, хобгоҳҳо, иншооти ташкилоту муассисаҳо, шаҳраку маҳаллаҳо ва майдончаҳои варзишии пойтахтро  тоза менамоянд. 

Тавре корманди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Маҳкамбой Гулов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, иқдоми мазкур дар доираи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 7 апрели соли 2020 «Дар бораи таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе» ба нақша гирифта шудааст. Мақсад аз роҳандозӣ намудани ҳамоиши мазкур  тозаву озода нигоҳ доштани шаҳри Душанбе,  пайравии ҷавонони пойтахт аз ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дар сатҳи баланду зарурӣ баргузор намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Аксияи умумишаҳрии ҷавонон бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда, дар он иштироки дастаҷамъонаи ҷавонони касбу кори гуногун дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар Тоҷикистон Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад.

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо