Саҳми ҷавонон дар роҳи пешгирӣ намудан аз сирояти бемории коронавирус

 

20200411 190458Имрӯз санаи 11-уми апрел дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “Андеша” дар якҷоягӣ бо Иттиҳоди табибони ҷавон аксияи навбатӣ оид ба пешгирии сирояти бемории коронавирус гузаронида шуд. Аз ҷониби аъзоёни фаъоли ташкилот як миқдор баста ва овезаҳоро дар кучаҳову хиёбонҳо, истгоҳҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминии шаҳр, ки гашту гузори мардум дар он ҷойҳо бештар ба назар мерасад, насб карда шуданд.

Дар баробари он ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил намуда, роҳу усулҳои ҳимоя ва пешгирии сирояти бемории коронавирусро ба самъи сокинони шаҳр расониданд.

Садо

Навор

Ҳама наворҳо