60 нафар ихтиёрӣ - дар рӯзи аввали даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак

artisha norak
Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад санаи 1 апрел бахшида ба Рӯзи даъватшаванда 60 нафар ҷавонони бонанги шаҳри Норак ба таври ихтиёрӣ ва бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ сафарбар гардиданд. Бaхшида ба ин дар тoлори муассисаи таълимии рақами 28-и шаҳри Норaк бо иштироки рaиси шаҳр Мaликшо Неъматзода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, падару модарон ва даъватшавандагон маросими тантанавӣ оид ба дaъвати баҳoрии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардидааст. 

Дар ҷамъомад раиси шаҳри Норак Маликшо Неъматзода аз корнамоӣ ва диловарии фарзандони Ватан дар тӯли таърих ёдовар шуда, иброз дошт, ки бо шукргузорӣ аз истиқлолият ва оромии мамлакат ва ташаббуси падару модарон ба даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонон ба таври ихтиёрӣ ба Артиши мамлакат сафарбар шуданд. Ин буд, ки шаҳри Норак дар рӯзи якум маъракаи даъватро пурра ҷамъбаст намуд.
Албатта, ин амал ҳисси баланди масъулиятшиносию ватандӯстии сокинони шаҳрро нишон медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, аз шумораи умумии сафарбаршудагон 31 нафар курси ронандагӣ ва дигарон курсҳои барқчӣ ва харротиро хатм намуда, соҳиби шаҳодатномаҳои касбӣ гардидаанд.

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо