Дар робита ба пандемияи коронавирус имрӯз гузаргоҳҳои Тоҷикистону Қирғизистон баста шуданд

 

18595425 303
Sputnik.
Маҳдудияти мазкур нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки аз Тоҷикистон берун мешаванд, ронандагони автомобилҳои боркаш, дипломатҳо ва инчунин аъзои ҳайатҳои ҳукуматӣ татбиқ намегардад

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз баста шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон хабар медиҳад.

Бар хабари котиботи ВУХ, тасмими баста шудани фаъолияти гузаргоҳҳо сар имрӯз, 24 - уми март ба ҳукми қонунӣ медарояд. Гуфта мешавад ин тасмим даp робита ба эълон шудани пандемия ва авҷи маризии сироятии коронавирус дар Қирғизистон ба назар гирифта шудааст.

Бояд таъкид кард, ки маҳдудияти мазкур нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки аз Тоҷикистон берун мешаванд, ронандагони автомобилҳои боркаш, дипломатҳо ва аъзои оилаи онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, инчунин аъзои ҳайатҳои ҳукуматӣ татбиқ намегардад.

Қобили зикр аст, ки ба далели хуруҷи ин маризӣ дар ҷаҳон кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мисли дигар давлатҳо, сарҳадашонро маҳкам намуданд.

Маризии даҳшатбори коронавирус феълан дар Тоҷикистон зуҳур накардааст, аммо дар кишварҳое ба монанди Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистонин маризӣ аллакай хуруҷ кардааст ва теъдоди сироятёфтагон дар ҳоли афзоишанд.

Садо

Навор

Ҳама наворҳо