ИМОМИ КЎҲҲО

 

voruh2-1
Тоҷик, эй тоҷик, имоми кўҳҳо,

Дар кафи дастат зимоми кўҳҳо.

То ба кай сарсудаю сарафканӣ?
Сарфарозӣ кун ба номи кўҳҳо.

Дар дифои меҳанат истода бош,
Бо марому бо низоми кўҳҳо.

Сарҳади мо кўҳи Ворух асту бас,
Зан дирафшатро ба боми кўҳҳо.

Вақти номус аст, то ки афканӣ
Чоҳканҳоро ба доми кўҳҳо.

Санг зан ту бар сари манқуртҳо,
Дур андоз аз мақоми кўҳҳо.

Рўдҳоеро басо сарчашмаӣ
Обрўи ту ба ҷоми кўҳҳо.

Кўҳ аслан рамзу рози тоҷик аст,
Мо ҳама аслан давоми кўҳҳо.

Бо хурўш ояд сухан андар лабам,
Шеър бояд бо каломи кўҳҳо.

Ман қиёматро бихоҳам, эй хамўш,
Дар намоиш мон қиёми кўҳҳо.

Хез аз ҷоят ба номи кўҳҳо,
Тоҷик, эй тоҷик, имоми кўҳҳо!

Бузургмеҳри Баҳодур

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо