Сулҳу амният дар Тоҷикистон дахлнопазир аст

 

5c2c5724670684bf66a379d92df98311

Раванди экстремистӣ ва террористӣ дар ҷаҳони муосир мудҳиштарин амале мебошад, ки бо симои инсонӣ, вале бо сирати ваҳшиёна анҷом дода мешавад. Боиси нигаронист, ки ин равандҳо хатари рӯзафзун доранд ва ҳар лаҳза айёну ноайён дар ҳар гӯша сар мезанад ва ҷони нафарони зиёди бегуноҳро аз байн мебарад ва таҳдид ба амнияту суботи давлат дорад.

Ногуфта намонад, ки гурӯҳҳои тахрибкор пайваста мекушанд, ки роҳе пайдо намуда ба авзои сиёсӣ ва амнияти кишварамон халал ворид намоянд. Гарчанде аз амали ваҳшиёнаи содиршуда, ки аз ҷониби як гурӯҳи террористӣ шаби 06.11.2019 рух дод, қариб 2 моҳ шуда бошад ҳам, ин кирдори ногуфтаниву фаромӯшнашаванда мебошад ва мо бояд гузаштаро ба ёд оварда аз имрӯз андеша намоем.

Боз ҳам равшан гардид, ки ин раванди зиддиинсонӣ ба давлати ҷавону соҳибистиқлоли мо, ваҳдату ягонагӣ ва зиндагии осиштаи мардумамон исён овард. Вале ҷасорату ватандӯстии ҷавонмардони фарзонаи миллат, чун сипар марзи кишвар ва фазои онро ҳифз мекунанд ва нагузоштанд зиндагии ороми мардуми шарифи Тоҷикистон ноором гардад ва ба амнияту субот дар мамлакат халал ворид карда шавад. Ин нишони возеҳи он аст, ки имрӯз давлату ҳукумати Тоҷикистон иқтидори комили ҳифзи амният ва суботро дар кишвар дорад ва тамоми амалҳои моҷароҷӯёнаи бадхоҳону тудраванро пахш намуда, несту нобуд месозад. Бо бовари гуфта метавон ва умеду боварӣ низ ҳаст, ки ҳеҷ гурӯҳи исёнгар ва ё ташкилотҳои террористӣ ва ҷиноӣ наметавонан ҳадафҳои хоинонаи худро дар сарзамини муқаддасӣ Тоҷикистон роҳандозӣ созанд.

Миллати тоҷик ҳамеша фарзандони ҷонфидое дорад, ки бар ивази ҳастии худ, ватан – модари худро  ҷовидона нигоҳ медоранд.

Мо имрӯз боварӣ ва эътимоди комил дорем, ки нерӯҳои мусаллаҳи кишвар ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ сидқан сохти конститутсионӣ ва амнияти миллиро бо пуррагӣ дар Тоҷикистон таъмин менамоянд ва сулҳу ягонагӣ дар кишвари мо халалнопазир ва рахнанашаванда мебошад.

Аммо мо бояд ҳеҷгоҳ дар ғафлат намонем ва ҳеҷ вақт хотирҷаъм набошем. Чунки эътимолияти сар задани чунин амалҳои хоинона ҳар лаҳза ва дар ҳар гӯшаи дунё ва кишвари мо ҷой дорад. Аз ин рӯ аз мардуми шарифи Тоҷикистон танҳо даъват ба амал меорам, ки дар пайи пешгирӣ намудани чунин амалҳои экстремистӣ ва террористӣ дар муттаҳиди бо сохторҳои давлатӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош намоянд.

Сарвари давлатамон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26. 12.2019 ироа гардид, дар самти сиёсати хориҷи байён доштанд, ки таъмини амнияти кишварҳо ва пойдории сулҳу субот дар сайёра ҳадафи асоси кишвари Тоҷикистон аст. Ичунин Пешвои миллат аз вазъи имрӯзаи кишвари Афғонистон ёдовар шуда, иброз намуд, ки Тоҷикистон пуштибони сиёсати сулҳҷӯёнаи кишвари Афғонистон мебошад ва илова намуданд, ки мо раванди сулҳро дар ин кишвари ҷангзада пуштибонӣ ва истиқбол менамоем.

Хулоса, мо мардуми Тоҷикистон намегузорем, ки зиндагии орому босаодати моро касе халалдор созад ва сулҳу ваҳдати миллиро, ки бар ивази ҷони ҳазорҳо нафар фарзандони ин миллат ба даст омадааст аз байн баранд. Ҳар як фарди кишвар бояд пеш аз ҳама худаш барои ҳифзи оромӣ ва саодати зиндагияш кӯшиш намояд ва нагузорад, ки ҳеҷ як хоин ва бадхоҳи миллату давлатӣ тоҷикон зиндагии осудаю шоистаи ӯро халалдор созанд.

 

Мирзошариф Абдусаломов

“Андеша”

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо