БА МУНОСИБАТИ 5500-СОЛАГИИ САРАЗМИ БОСТОНӢ

 

sarazmmm

ҶАШНИ 5500-СОЛАГИИ САРАЗМИ БОСТОНӢ РӮЗ ТО РӮЗ НАЗДИКТАР МЕШАВАД. ИН ҶАШН РӮЗНОМАНИГОРИ ВАРЗИДАИ 87—СОЛА НУРАЛӢ ДӮСТАЛИЕВРО ВОДОР НАМУД, КИ ҚАЛАМ БА ДАСТ ГИРАДУ ИН КУҲАНШАҲРРО ВАСФ НАМОЯД. МО ДАР ЗЕР ЯК ДОСТОНЧА ВА СЕ ҒАЗАЛИ ИН ПИРИ КОРРО ПЕШКАШИ ХОНАНДА МЕГАРДОНЕМ.
НУРАЛИИ ДӮСТАЛӢ
ДОСТОНИ САРАЗМ
Дар замони дур, ба аҳди бостон,
Дар гузаргоҳи тамоми корвон.
Гашт барпо шаҳри хуби дилнишин,
Бо Самарқанду Бухоро буд қарин.
Соҳибаш буд суғдии овозадор,
Шуҳраташ рафтӣ ба ҳар кунҷу канор.
Роҳи Абрешим аз он ҷо мегузашт,
Буд зебо обу хоки кӯҳу дашт.
Шаҳри зебое бишуд дар раҳ падид,
Лаззати нонаш ҳама раҳрав чашид.
Шаҳр буд, шаҳри Саразми бостон,
Шаҳри зебо, лоиқи сад достон.
Мардуми ӯ, мардуми озода буд,
Дилписанду содиқу дилдода буд.
Аҳли тақво, аҳли соҳибкеш буд,
Дар миён кай як тане дарвеш буд?
Боғҳои шаҳр пур аз себу нор,
Буд ин ҷо пойгоҳи кӯҳсор.
Ҷамъи мардонаш ба якдигар қарин,
Духтаронаш хубрӯю нозанин.
Дар миёни шаҳр оташхона буд,
Дар ибодат мардуми фарзона буд.
Рӯзу шаб оташ фурӯзон будааст,
Шодии мардум ҳамеафзудааст.
Дар ибодат ҷумла аз фазли Худо,
Хостӣ осудагӣ, сулҳу сафо.
Буд агар кӯҳсори мо ангуштарин,
Дар миён буд шаҳри мо ҳамчун нигин.
Як ба як буда ҳама меҳнатқарин,
Ҷумла фарзандони хуби сарзамин.
Буд тоҷик соҳиби илму ҳунар,
Мекашид аз санг тиллою гуҳар.
Санъати наққошӣ андар авҷ буд,
Эй бас оҳанги хуше дар мавҷ буд.
Рафт боло шуҳрати оҳангарӣ,
Заргарӣ, хунёгарӣ, сӯзангарӣ.
Гил чу меафтод дар дасти кулол,
Мегирифтӣ нақши хуршеду ҳилол.
Дода оро шаҳри худро бегумон,
Панҷаи созандаи хурду калон.
Гандуму ҷав буд ин ҷо беҳисоб,
Барзгар буд то ба кораш комёб.
Буд зебо растаи бозорҳо,
Ҷилва кардӣ дар назар гулзорҳо.
Бемуҳобо, мардуми зебосиришт,
Зистӣ гӯё ба гулзори биҳишт.
Хонаҳошон гарм буд аз меҳри дил,
Чашмаҳо буданд ҷӯи Салсабил.
Байни мардум буд соҳибэътибор,
Ғамқарини мардумон омӯзгор.
Аҳли шаҳр бо шавқ аз устоди худ,
Зарра-зарра дониши худ мефузуд.
Ҳар касе буд аз паи коре равон,
Н-омадӣ дар синае бими хазон.
Буд Малика дар миёни дигарон,
Моҳи тобоне канори ахтарон.
Мефиристодӣ ба якдигар дуруд,
Рақсу бозӣ буду гулбаргу суруд.
Пиру барно доимо хушҳол буд,
Соҳиби бахту шараф, иқбол буд.
Рушди он ҳаррӯз афзунтар шудӣ,
Ҳусни он ҳар лаҳзае бартар шудӣ.
Гуш кардандӣ ҳама ихшидро,
Дода оро базму ҷашну идро.
Аз қазо омад ба сарҳо зилзила,
Канда карда тору пуди силсила.
Ногаҳон гӯё, ки чашми бад расид,
Шуд Саразм аз дидаи мо нопадид.
Рафт ин шаҳри гаронмоя ба хок,
Қалби мардум дар азояш чок-чок.
Бо мурури таърих ин шаҳри куҳан,
Рафт аз ёди тамоми марду зан.
Рафт аз байн соли беш аз панҷ ҳазор,
Шуд мубаддал он ба дашти хорзор.
Соли ҳафтоду шаш, андар асри бист,
Дасти таърих инчунин зебо навист.
Шуд Ашӯралӣ аз он ҷо раҳгузар,
Ёфт дар он ҷо яке куҳна табар.
Бурд онрою ба Исҳоқӣ бидод,
Табъи олимро табар хеле кушод.
Шод шуд Исҳоқӣ аз ин бозёфт,
Ӯ табар дар даст бар Маскав шитофт.
Гуфт пеши рӯи кулли олимон,
Аз Саразми бостону ростон.
Омаданд ин ҷо зи марказ як гуруҳ,
Як гуруҳи хушазми пуршукуҳ.
Омаданд, диданд дашти хорзор,
Маскани беоби пур аз мӯру мор.
Кард Исҳоқӣ аҷаб азму талош,
То бидонад сирри хоки чошу пош.
Мурғи қалбаш дар ҳаво парвоз кард,
Раста-раста растаҳоро боз кард.
То намояд баҳри мардум бозёфт,
Синаи хоки Саразмро мешикофт.
Буд оташхона ҳоло беасар,
Халқ будӣ аз Малика бехабар.
Ҳеҷ кас аз рози он огаҳ набуд,
Бар гузаргоҳаш касеро раҳ набуд.
Оқибат азму талошаш кор дод,
Баҳри мардум сирри ин маъво кушод.
Дар замоне қабри кӯҳна боз кард,
Гиряе аз қаъри дил оғоз кард.
Хуфта буд дар қабр моҳе нозанин,
Гӯиё бо ҳур будӣ ҳамнишин.
Хуфта буд дар гирди ӯ марҷони зар,
Соҳиби онҳо буд аз худ бехабар.
На ҳавои зар будӣ ӯро ба сар,
На бикардӣ пеши мардум дида тар.
Болини ӯ тӯдаҳои хок буд,
Синааш бидридаю садчок буд.
Кард Исҳоқӣ аз ин авзоъ хабар,
Бар ҳама ҳампешагони муътабар.
Гашт ташкил пойгоҳи тозае,
Пойгоҳи хубу хушандозае.
Бар ҳама кишвар расид номи Саразм,
Бар дили гардун расид боми Саразм.
Аз ҳама кишвар биёмад меҳмон
То ба чашми худ бибинад ин макон.
Дар ЮНЕСКО таърихашро кофтанд,
Панҷ ҳазору панҷсадашро ёфтанд.
Шуд Саразми бостон овозадор,
Шуҳрати ӯ рафт бар ҳар як диёр.
Чун расид даврони Истиқлоли мо,
Гашт пургул кӯчаи иқболи мо.
Пешвои миллати шуҳратшиор,
Кард хидматро ба миллат ихтиёр.
Аз сахояш мулки мо дигар шуда,
Тоҷикистон боз зеботар шуда.
Ӯ Саразми бостонро ёд кард,
Рӯҳи ҳар бигзаштаеро шод кард.
Офарин, бар ҷамъи азми Пешво,
Кордониҳою назми Пешво.
Нуралӣ дорад ба номаш ифтихор,
Умри ӯ бошад ба олам садҳазор.
Мешавад наздиктар иди Саразм,
Рӯзи хушбахтию испеди Саразм.
Тоҷикистони азизам, шод бош!
То абад поянда бош, обод бош!
СЕ ҒАЗАЛ
Саразмо, сози базми хештан гардон забонамро,
Намо сероб бо лутфи хушат тарзи баёнамро.
Ба ҷомам рез дар ҳар лаҳзае аз бодаи таҳқиқ,
Зи қаъри хоки ту ҷӯям нишони ориёнамро.
Зи ободии ту имрӯз табъам дар шукуфтан ҳаст,
Ки ҳамранги баҳористон ҳамебинам хазонамро.
Гузашта дар сари хоки ту айёми ҷавониям,
Тасалло деҳ ба зебоии худ акнун равонамро.
Аё шаҳри куҳан, ман ҳам ба мисли ту куҳансолам,
Ба авсофи ту бинвисам суруду достонамро.
*******
Дил барад ҳусни дилорои Саразм,
Қоилам бар тарҳи зебои Саразм.
Ҷомаи таърихӣ мезебад мудом,
Доимо бар қадди болои Саразм.
Дар дилу дар дида акнун ҷо гирифт,
Меҳри шаҳри оламорои Саразм.
Бо нидои Пешвои миллатам,
Дар дилу дар дида шуд ҷои Саразм.
Гашт маълуми ҳама рӯи ҷаҳон,
Тарҳи дилорою волои Саразм.
Пири даврон, Нуралӣ , аз шавқи дил,
Шеъри худро хонд дар пои Саразм.
*********
Чун пири куҳан ман ба таманнои Саразмам,
Бар дида кашам хоки кафи пои Саразмам.
Аз дидани дидори Саразмам нашавам сер,
Бо дидаи ҷон то ба тамошои Саразмам.
Фардо бишавад шаҳраки ободу дилоро,
Армонии ободии фардои Саразмам.
Ҳар соату ҳар лаҳзаю ҳар сонияи умр,
Мафтуни рухи хубу дилорои Саразмам.
Ин хоки ниёгони ману Суғди бузург аст,
Пур бод ҳамешаи маи минои Саразмам.


Гирдоваранда Исмоил Зарифӣ

Садо

Навор

Ҳама наворҳо