Куштори модари ҷавон ва духтарчаи 6-сола

orig-15679406448b175b46214507fc74d176b989dfd8c7

 

 

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров марди 27-соларо бо гумони қатли модари ҷавон ва духтарчаи 6-солааш боздошт кардааст

Тибқи иттилои манбаъ ҷинояти фоҷиави пеш аз зуҳри 7-уми ноябр дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додаст. Муттаҳам марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварз дастгир карда шуд.

Тибқи иттилоия ҷинояткор санаи 7-уми ноябр тахминан соати 10:30 дар ҳавлии истиқоматиашон бинобар сабабҳои номаълум бо корди хоҷагӣ гулӯи ҷияни хурдсолаш духтарчаи 6-соларо то рагҳои калони хунгард бурида, ба ҳалокат расонидааст. Муттаҳам сипас, ҳамсари бародараш зани 27-соларо бо 11 зарби корд ба ҳалокат расонидааст.

Феълан нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми  2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

 

 

Садо