Салафиҳо кистанд ва чӣ аҳдофе доранд!?

 

 Ислом дини ҷавонтарини ҷахонии Ҷахони муосир ба ҳисоб меравад. Пас аз вафоти ҳазрати паёмбари Ислом, Муҳаммад (с), дар миёни диндорони дини Ислом равияву фирқкахои гуногун ба вучуд омаданд ва дар миёни ягдигар бо амал ва бовари ба хадису ривоятҳои паёмбар, ба китоби мукаддас, амал дар намоз ва ғ. аз хамдигар фарк мекарданд.

Салафия низ яке аз чунин равияҳо ба ҳисоб меравад, ки дар баъзе мамлакатҳо хамчун равия расмӣ ба ҳисоб меравад ва дар баъзеи дигар кишварҳо ҳамчун равия мамнуъ эълон гаштааст.  

Дар асл се насли салафиёнро аз хамдигар фарқ мекунанд:

  1. 1.Насли авали онҳоро бо номи салафиёни «солехҳ» ном мебаранд, ки ин насл ҳама саҳобагони Ҳазрати паёмбари Ислом, Муҳаммад (с) ва умуман шахсоне, ки Ҳазратро шунидаанд.
  2. 2.Насли дуввумашон бошанд, ин салафиёни «тобеин» мебошанд, ки он шахсоне мебошанд, ки саҳобагони паёмбари Исломро шунидаанд.
  3. 3.Насли саввуми онҳо ин он шахсоне мебошанд, ки салафиёни тобеинро шунидаанд.

Вактҳои охир дар ҷомеаи Тоҷикистон перомуни дар мамлакат арзи вуҷуд кардани пайравони ҷараёни динии «САЛАФИЯ» гуфтугузорҳо зиёд шуданд. Умуман аъзоёни ин ҷараён дар Тоҷикистон даъвои тоза кардани исломро аз анъанаҳои «нолозима»   ва мавҷудияти бисёр урфу одатҳои диниро инкор менамуданд. Салафиҳо дар миёни аҳоли китобҳои диниеро паҳн менамуданд, ки дар онҳо шарҳи меъёрхои ахлоку рафтори мусулмонҳо аз меъёрҳои дар мазҳаби Ҳанафӣ – мазҳаби анъанавии мардуми Осиёи Марказӣ қабул шуда, комилан фарқ менамуд.

Акидаи имрузи салафиён аз кучо сарчашма мегирад? Ақидаи Салафиёни имрӯз сарчашмаи худро аз олими асри миёнагӣ Ибни Таймия мегирад.

Ибни Таймия ки буд? Асрҳои миёна дар олами ислом як қатор уламое зуҳур намуданд, ки мазҳабҳои дигар, аз ҷумла ҳанафиро инкор менамуданд. Яке аз онҳо Имом ибни Таймияи араб асри 14 буд. Ӯ дар китобаш «Ассиёсат – уш - шаръия» масъалаи поксозии исломро пеш гузошт. Ақидаи Салафиёни имрӯз аз таълимоти ӯ сарчашма мегирад. Ба ақидаи ибни Таймия ислом ғайриисломӣ шуда буд. Масалан зиёрати қабри бузургон, ҷашни мавлуд (аз ҷумла мавлуди паёмбар (с)) ва ҷашнҳои миллӣ аз ҷумла Наврӯзро Ибни Таймия «куфр» эълон дошт, ки дар ҳоле ки онҳо расму ойини мардуми форсу турк ва дигарон буданд. Агар мо воқеан ба ақидаи Таймия бовар кунем, олимону шайхҳои тасаввуфӣ гузаштаи мо - Рудакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҷомӣ, Бедил, Нақшбанд, Аҳрори Валӣ, Яъқуби Чархӣ ва дигарон ҳам «кофир» ҳастанд, яъне мо – тоҷикон таъриху фарҳанг надорем.

Чаро ҷараёни «Салафия» дар Тоҷикистон мамнуъ эълон гашт? Бо карори Суди Олии Точикистон аз 8 январи соли 2009 фаъолияти ҷараёни салафия дар ҳудуди кишвар манъ карда шуд. Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ягона кишваре буд, ки нахустин шуда иҷозаи фаъолияти ҳхизби нахзати исломиро дод ва нахустин шуда монеи фаъолияти ҷараёни салафия гашт.[1] Воқеан зеро онҳо марҳила ба марҳила сафи худашонро бо ҳар гуна восита зиёд менамуданд ва дар натиҷа ихтилофро дар байни ҷомеаи Тоҷикистон ба вуҷуд меоварданд.

Салафиёнро дар Тоҷикистон ки маблаӯгузорӣ менамуд? Ба ин савол ҷавоб додан хело мушкил аст, зеро ба таври қотеона наметавон гуфт, ки ин ҷараён аз ҷониби фалон кишвар дастгирӣ мешавад ва фалон кишвар аз ин кор манфиатдор аст. Баъзеҳо овоза паҳн намуданд, ки ҷараён аз ҷониби ИМА маблағгузорӣ мешавад, аммо сафири ИМА дар Тоҷикистон ин акидаро комилан рад мекунад.

Ҷараёни Салафия чи оқибатҳоро метавонист ба бор орад?

  1. 1.Ба ваҳдати мусалмонони кишвар халал ворид месохт;
  2. 2.Ба амнияти миллии кишвар метавонист оқибатҳои нангинро ба бор орад;
  3. 3.Мақоми уламои Исломии анъанавии моро дар Тоҷикистон коста мегардонд;
  4. 4.Ихтилофҳои миёни ин ду тариқаи исломро душманони бурунмарзии Точикистон метавонистанд ҳамчун фишанг истифода баранд;

Хулоса ҷараёни салафия комилан ба мазхаби мо мутобиқат наменамуд ва пеш аз ҳама дар рафти намоз гузорӣ, ки ин оқибат ба нофаҳмиву ихтилофҳо оварда мерасонд.

 

Таҳияи Мирзошариф Абдусаломов

Andesha”



[1] «ДУНЁ», №2 (256), 8 январи соли 2009

Садо

Навор

Ҳама наворҳо