AKHBOR.COM чӣ мехоҳад!??

 

Мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони Русия аз марги зодагони Тоҷикистон, дар як садамаи нақлиётии серталафот андуҳгин гаштаанд. Садамаи мазкур, ки субҳи 6 августи соли равон, дар шоҳроҳи бузурги автомобилгарди ноҳияи Сасовскии вилояти Рязани Федератсияи Русия дар назди деҳаи Пичкиряево ба амал омад. Микроавтобуси тамғаи Mercedes-Benz Vitо, ки аз тарафи шаҳрванди 30 солаи Тоҷикистон идора мешуд, ба хати муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи сабукрави тамғаи «Toyota Land Cruiser Prado» бармехӯрад.

Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётии мудҳиш, 6 тан аз сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд. Аммо чун сомонаи Ахбор.ком мурдагонро чун одатҳои қаблиаш гузошта тутхӯрӣ мекунад, ин дафъа низ дар марги муҳоҷирон ҳукуматро гунаҳкор кард.

Гӯё дар интихоби нақлиёти автомобилӣ барои сафар ба Тоҷикистон аз тарфаи муҳоҷирони ба садама дучор гашта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор бошад. Ҳар як муҳоҷири кории тоҷик барои сафар, нақлиёти ба худ муносиб ва писандро интихоб мекунад, аксари муҳоҷирони тоҷик бо худ барои бағоҷи зиёд доштан, нақлиёти автомобилӣ ва ё нақлиёти роҳи оҳанро интихоб мекунанд, зеро тавассути ҳавопаймо интиқоли борашон ба маротиб гарон меафтад. Суоли матраҳ ба Мизои Салимпур ин аст, ки магар дар интихоби нақлиёт барои сафар ҳам, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор аст?

Муҳоҷир шахси мустақил аст ва худ роҳи амалигардонии хостаҳояшро майян месозад. Маргу мусибатро ба мавзӯи иғво табдил додан, нишонаи ноҷавонмардист ва яқин аст, ки мафҳуми ҷавонмардӣ ба Мирзо Салимпур бегона аст ва ин калима дар луғати ӯ ҳатто вуҷуд надорад.

Сокинони кишвари азизамон Тоҷикистон ба наздикону пайвандони фавтидагон ҳамдардии амиқи хешро баён месозанд, бигзор Худованд ҷояшонро шаистаи ҷаннат гардонад!


1.Насринова Назира Ҷамшедовна, 21.07.2005 с.т. зодаи н.Ванҷ
2.Насримова Гулдона Саодатуллоевна, 02.02.1983 с.т. н.Ванҷ
3.Саидов Абдулло Саидбекович, 12.12.1974 с.т. н.Рашт
4.Маҳмудов Валиҷон Турсуналиевич, 08.05.1989 с.т. н.Рӯдакӣ
5.Халилов Ислом Исмоилович, 1974 с.т. ш.Панҷакент
6.Муллоев Фирӯз Бурҳонович, 08.11.1977 с.т. н.Айнӣ

 

Шариф Ғафурзода

Узви ҷомеаи шаҳрвандӣ

 

Садо