Чаро “Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз ҷониби волидон иҷро намешавад!??

 

imagesСанаи 9 августи соли 2019 зимни гузаронидани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон бародарон -Сӯҳроб, Рустам ва Худойдод Мирзоевҳо истиқоматкунандагони кӯчаи Хоруғи шаҳри Душанберо, ки 11, 8 ва 4 сола мебошанд ва аз санаи 5 август бедарак ғайб зада буданд, пайдо карда, ба волидонашон баргардониданд. Тибқи нишондоди кӯдакони хурдсол, бародари калониашон Суҳроб онҳоро бо баҳонаи сайру гашт аз хона гирифта баромада, ба муддати 4 шабонарӯз дар пойтахт оворагардӣ кардаанд. Соли гузашта бародари калонии ин гумшудагон Сӯҳробро кормандони мақомоти корҳои дохилӣ баъди ҳафт рӯзи чунин оворагардиҳо пайдо карда, ба мактаби кӯдакони душвортарбия супорида буданд. Ӯ ин дафъа дар таътили тобистона додарони хурдсолашро бо баҳонаи сайругашт бо худ бурда, рӯзона ба талбандагӣ машғул шуда, шиками худро сер мекардаанд ва шабро дар ҳудуди биноҳои сохтмонашон нотамоми бисёрошёна сипарӣ мекардаанд. Пас падару модаронро месазад бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дар таълиму тарбияи фарзандони ноболиғи худ масъулиятшинос бошанд.
Зеро яке аз сабабҳои бедарак ғайб задани кӯдакони хурдсолу ноболиғ, ин бемасъулиятии волидон ва хушунати хонаводагӣ нисбати кӯдакон мебошад.

Садо