“Изҳори муҳаббат дар девори мардум”

 

Матлаберо, ки Ибодуллоҳ Одина дар саҳифаи фейсбукии худ чанд рӯз қабл бо унвони “Изҳори муҳаббат дар девори мардум” нашр кард, истифодабарандагони ин шабакаи иҷтимоиро бетараф нагузошт. Баъзе аз истифодабарандагон инро ҳамчун як бадахлоқӣ, доштани маърифати паст ва аз коста будани ахлоқ медонанд. Забирзода Рамазон аъзои фаъоли гурӯҳи “Ахбор барои афкор” мегӯяд: “ Ин нишонаи аблаҳист. Мард ҳастӣ ҷуръат дорӣ рафта ба худаш бигу ба деворҳои мардум зарар набиёр.” Зимнан ӯ қайд мекунад, ки “ишқи одамони давраи гузашта ҳақиқӣ буд ҳозира ҳамааш фанду фиреб аст”. Аммо аъзои дигари ин гурӯҳ Мавҷуда Ҳасанова мегӯяд: “Дар давраи кӯдакии мо чунин навиштаҳо зиёд буд, аммо бисёр наврасон ба хотири ифшо шудани ишқу муҳаббати ду нафар масхаракунон менавистанд, на худи ба ном “Ошиқон”, дар он давра (яъне солҳои 80 –ум) ин як шухии кудакона буд, на беш аз ин.” Вале ба назари инҷониб навиштани ҳарфҳову номҳо ин нишонаи паст будани ахлоқ надоштани маърифати шаҳрдорӣ мебошад. Нишонаи дигари аблаҳӣ миёни наврасону ҷавонон ин бо корду лезва ва афзори бурранда навиштани сари ҳарфи маъшуқаи хеш мебошад масалан агар нағдидаи ӯ Ганҷина бошад “Г” ё баракс ин ҳолат дар духтарҳо низ бештар мушоҳида мешавад масалан агар Муҳаммад бошад “М” менависанд, ки ин аввалан барои онҳо хатарнок аст ва сониян агар раваду он ду “маъшуқа” бо амри тақдир якҷо нашаванд як хотирае баде дар ҷисми онҳо боқӣ мемонад.
Ишқ муқаддас аст ва ошиқ аҳли хиёнат нест, ошиқ нопокиро ба ҳарими поку муқаддаси дил роҳ намедиҳад, ҳавасро набояд ишқ гуфт!

Мирзошариф Абдусаломов
“Andesha”

Садо