Пешгирии коронавирус - COVID-19

 

covid700
Яке аз масъалаҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст сирояти одамон ба бемории короновирус мебошад. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали паҳншавии бемории мазкур чораҳои заруриро меандешиданд.

Новобаста аз он, ки коронавирус дар яке аз ҳамсоядавлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон яъне Ҷумҳурии Мардумии Чин аз охирҳои моҳи декабри соли 2019 пайдо гардида дар зиёда аз 180 давлати дунё паҳн гардида буд бақайдгирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 30-юуми апрели соли 2020 рост омад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии он корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.

Аз ҷумла аз рӯзҳои аввали пайдоиши вирус чораҳои карантинӣ ва санитарию эпидемиологиро ба роҳ монда буданд. Бо мақсади пешгирии короновиру зиёда аз 10000 (даҳ ҳазор) шаҳрвандонеро, ки аз хориҷи ҷумҳури ворид шуда буданд ва бо шубҳаи сирояти короновирус ба муассисаҳои тибби муроҷиат карда будан аз карантини чордаҳрӯза гузаронида буданд.

Дар тамоми корхонаву муассиса ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои тамизкунӣ ҳамаруза анҷом дода мешуданд. Сарфи назар аз он ки коронавирус ба қайд гирифта нашуда буд муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро ба таътил равон карданд.

Тамоми муассисаҳои тиббии ҷумҳуриро барои қабул ва муолиҷаи шахсоне, ки ба коронавирус сироят меёбанд омода карда буданд. Корҳои фаҳмондадиҳиро пайваста тавасути васоити ахбори омма ба роҳ монда ба шаҳрвандон оид ба чораҳои пешгирии вирус корҳои тавсиявӣ пешкаш мекарданд.

Аммо мутаассифона санаи 30-юми апрели соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сироятёбии 15 нафар шаҳрвандон хабар дода шуд. Мо ба боварӣ гуфта метавонем, ки халқи Тоҷикистон чораҳои пешгирии коронавирусро дар манзилҳои истиқоматӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя карда ин вабои асрро пушти сар менамоянд.

Дар заминаи ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон имсол тамоми заминҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кишту кор шудаанд, ки ин боиси бо маводи озуқаворӣ таъмин намудани шаҳрвандон мегардад. Халқи Тоҷикистон замони аз имрӯз вазнинтарро дар давраи ҷанги шаҳрванди аз сар гузаронидааст ва боварӣ дорем, ки дар ин замони осоишта метавонанд бо меҳнати сарҷамъона худро бо тамоми намуди озуқаворӣ таъмин намоянд.

 

Донишҷӯи Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур

Абдулозода Қамар Олим

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо