РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ – ОМИЛИ АСОСИИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ КИШВАР

 

unnamedДар мулоқот бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 18 марти соли ҷорӣ чун анъанаи ҳарсола дар арафаи фарорасии ҷашни Наврузи байналмилалӣ таъкид гардид, ки «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадам ба пеш гузошта намешавад».
Бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас аз ҷониби Пешвои миллат солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд. Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор карда шуданд, ки баҳри амалӣ намудани ин ҳадаф чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар партави гуфтаҳои боло, минбаъд барои рушди иқтсодиёти кишварамон тақвият бахшидани раванди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, донишкадаю донишгоҳҳои олӣ ва дар муассисаҳои таҳқиқотии мамлакат аҳамияти хоса дорад.
Масъалаи дигаре, ки зарурияти тақвият бахшидани омӯзиши илмҳои табитшиносиро баҳри таъмини амнияти озуқавории аҳолии кураи Замин пеш овардааст, ин пайёмадҳои номусоиди тағйирёбии иқлим ба шумор меравад. Таҳлили маълумотҳои мавҷуда нишон медиҳанд, ки тағйирёбии глобалии иқлим боиси вайроншавии экосистемаҳо, аз байн рафтани пиряхҳо ва гуногунии биологӣ, афзоиш ёфтани касалиҳо ва зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ, коҳиш ёфтани ҳосилнокии онҳо ва иқтисодиёти кишварҳо мегардад. Бояд қайд намуд, ки кам шудани захираҳои табиии об ба нестшавӣ ё танг шудани ҳудуди паҳншавии намудҳои камёфту нодири олами наботот сабабгор мегардад. Ҳифзи захираҳои обӣ, алалхусус пиряхҳо ва гуногунии биологӣ бо ҳам зич алоқаманд буда, зарурияти ба роҳ мондани таҳқиқотҳои нави илмию амалиро тақозо менамояд.
Олимон пешгӯӣ менамоянд, ки то охири асри XXI ҳарорати миёнаи ҳавои кураи Замин аз 30С то 50С баланд мешавад. Мувофиқи маълумотҳои илмӣ, дар Осиёи Марказӣ низ ҳарорати ҳаво баланд шуда, шӯршавии хок ва пастравии ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ба назар мерасад ва то охири аср XXI давом ёфтани ин раванди номатлуб аз эҳтимол дур нест.
Мутаассифона, таъсири тағйирёбии иқлим дар ҳудуди кишварҳои Осиё Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон низ мушоҳида мегардад. Яке аз мушкилоте, ки дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон ба амал меояд, ин обшавии пиряхҳо ва кам гаштани захираҳои обии Осиёи Марказӣ мебошад.
Бинобар ин дар оянда барои таъмини амнияти озуқаворӣ пеш аз ҳама бояд ба тадқиқотҳои нави илмӣ дар самтҳои ҳифзи захираҳои об ва захираҳои генетикии кишварамон диққати аввалиндараҷа дода шавад. Алалхусус, баҳри ноил гаштан ба амнияти озуқавории кишвар рушди чунин самтҳои илми биологияи муосир - генетика, селексия, биотехнологияи растаниҳо ва бехатарии биологӣ хеле зарур ва тақозои замон аст. Аз ин сабаб, олимони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тақвият бахшидани тадқиқотҳои инноватсионии илмӣ дар бахшҳои генетика, селексия, биотехнологияи растаниҳо ва бехатарии биологии маҳсулоти озуқаворӣ дар нақшаи корҳои минбаъдаи илмӣ-тадқиқотии солҳои 2021-2025 ҷустуҷӯйҳои навинро дар нақша доранд. Бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар бахшҳои генетика, селексия ва амнияти биологӣ ва бехатарии озуқаворӣ дар сохтори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИ ҶТ ду озмоишгоҳи нави таҳқиқотӣ - Озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳо ва Озмоишгоҳи бехатарии биологӣ таъсис дода шуд. Кормандони илмии ин озмоишгоҳҳо ният доранд, ки минбаъд ба корҳои таҳқиқотӣ дар самтҳои афзалятноки биологияи муосир, ба монанди таъсис додани бонки захираҳои генетикии навъу намунаҳои зироатҳои кишоварзии маҳаллӣ ва истифодаи самараноки онҳо дар корҳои селексионӣ, ичунин омӯзиши таркиби биохимияви маҳсулоти озуқаворӣ ва организҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда (ГМО) машғул шаванд.
Бояд қайд намуд, ки дар замони муосир истифодаи самараноки гуногуннамудии ирсии зироатҳои кишоварзӣ аз рӯи тезпазӣ, устуворнокӣ ба таъсири хушкӣ, ба шӯрии хок, ба ҳашароту касалиҳо, инчунин баланд бардоштани маҳсулнокии растаниҳо дар шароити тағйирёбии иқлими кураи Замин аз мавзӯъҳои мумбрами рӯз ба шумор мераванд. Дар баробари ин, масъалаи омӯзишу ҳифзи гуногунии биологӣ, экосистемаҳои табиӣ ва тайёр намудани олимону мутахассисони ҷавон дар ин соҳаҳо яке аз самтҳои афзалятноки илмҳои табиатшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Зикр намудан зарур аст, ки ҳифзи муҳити зист ва омӯзиши гуногунии биологии кишварамон дар Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус қайд карда мешаванд.
Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти пайёмадҳои тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурияти таъмини амнияти озуқавории кишвар дар оянда омӯзиши ҳаматарафаи гуногунии биологӣ ва захираҳои генетикии навъу намудҳои нодири зироатҳои кишоварзии маҳаллӣ дар Тоҷикистон аҳамияти хоса пайдо мекунад. Яке аз самтҳои назариявӣ ва амалии тадқиқотҳои генетикию селексионӣ дар кишварамон ҷамъоварӣ намудан ва нигоҳдории намунаҳои нодири коллексионии чунин зироатҳои кишоварзӣ (аз қабили гандум, картошка, лӯбиёгиҳо, пахта, сабзавот, дарахтони мевадиҳанда, ноки заминӣ) мебошад, ки баҳри таъмини амнияти озуқавории кишвар заруранд. Ҳамчунин омӯзиши тағйирпазирии ирсии растаниҳо таҳти таъсири омилҳои номусоиди муҳити зист ва равандҳои номатлуби тағйирёбии иқлими сайёра масъалаи муҳими рӯз боқӣ мемонад. Минбаъд дар раванди ба даст овардани навъҳои нави ояндадори зироатҳои кишоварзӣ нақши асосиро истифодаи усулҳои интихоби генетикӣ, ба монанди дурагакунонии дохилинамудӣ, байнинамудӣ, мутагенез ва мутобиқкунонии генотипҳои нав ба шароитҳои гуногуни агроэкологии парвариш - яке аз самтҳои калидии корҳои таҳқиқотии озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳо ба шумор меравад.
Айни ҳол дар асоси корҳои илмӣ-тадқиқотии солҳои пешин аз ҷониби олимони соҳаи генетика ва селексияи Институт дар коллексияи намунаҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ, ки он беш аз 150 навъу намунаҳои гандум, 100 навъу намунаи картошка, 50 навъу намунаҳои лӯбиёгиҳо, 40 навъу линияҳои нави пахта, 25 навъу намунаи топинамбур (ноки заминӣ), 15 намунаи батат (картошкаи ширин), 10 навъу намунаи сабзавот ва ғайраро дар бар мегирад, гирд оварда шудаанд ва ҳар яки онҳо дорои хусусиятҳои нодири селексионӣ мебошанд. Ин намунаҳо тезпаз буда, ба об камталаб, ба касалиҳо нисбатан устувор ва серҳосил мебошанд. Аз тарафи дигар зарур аст, ки корҳои селексионӣ ва тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ дар минтақаҳои баландкӯҳи кишвар минбаъд васеъ ба роҳ монда шаванд ва дар ин мавзеъҳо навъҳои нави растаниҳо ба даст оварда шаванд. Тавсеа бахшидани корҳои селексионӣ дар минтақаҳои кӯҳии мамлакат истеҳсолоти кишварро тақвият бахшида, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ заминаи боэътимоди илмию истеҳсолӣ фароҳам меоварад.
Кормандони Институт дар хоҷагиҳои сабзавотпарварии ҷумҳурӣ технологияи парвариши кӯчат ва ниҳолҳои аълосифатро дар гармхонаҳои плёнкавӣ коркард намуда, он дар истеҳсолот татбиқ карданд (соли 1992).
Аз ҷониби олимони Институт намуди нави растании лимӯи паканаи «Баракат» (соли 1993) ба вуҷуд оварда шудааст. Усули ба даст овардани ин гуна лимӯ бо патенти Россия ҳимоя карда шудааст. Технологияи парвариши лимуи «Баракат» ба сохтани хандак ва лимӯхонаҳои калони рӯизаминӣ эҳтиёҷ надорад ва бо ҳосилнокии баланд ва сифати беҳтарини мевааш фарқ мекунад.
Аз ҷониби кормандони Институт дар давоми солҳои Истиқлолият бо истифодаи аломатҳои озмунии физиологӣ ва фотосинтетикӣ як қатор навъҳои нави ояндадори пахтаи миёнанах ба вуҷуд оварда шудааст–Гулистон, Гулистон-2, Равшан, Сомони, Шавкат-80. Инчунин пахтаи миёнанахи клейстогамии (гулаш пӯшидаи) навъи «20-солагии Истиқлолият», ки селексияи филиали дар вилояти Суғд будаи Институти зироаткории Академияи миллии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИ ҶТ мебошад, дар ҷумҳурӣ минтақабоб карда шудааст. Афзалияти ин навъ дар он аст, ки ҳодисаи гардолудшавӣ ва бордоршавӣ дар шароити герметикии бо гулбаргҳо маҳкам, новобаста аз хушкӣ ва намнокии ҳаво мегузарад. Ин навъро дар шароити минтақаҳои иқлимашон хушк ё намнок ва сербориш парвариш намудан мумкин аст.
Навъи қатраборони (эспарсет) Зиддӣ, ки маҳсули дастранҷи кормандони Институти физиологияи растанӣ ва генетикаи АМИ ҶТ ва Институти ситология ва генетикаи ШС АИР мебошад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақабоб карда шудааст.
Олимони Институт 5 навъи нави картошка - Дӯстӣ, Файзобод, Рашт, Тоҷикистон ва Академияи илмҳо (АН-1)-ро ихтироъ намуданд, ки онҳо дар истеҳсолот васеъ ҷорӣ шудаанд. Аз соли 2019 картошкаи навъи Тоҷикистон ҳамчун навъи стандартӣ интихоб карда шуд.
Ба ғайр аз ин, намунаҳои ояндадори гандум, топинамбур ва бататро ба даст оварданд, ки онҳо нисбат ба дигар навъҳо ба об нисбатан камталаб буда, ба касалиҳо устувор ва серҳосил мебошанд. Дар сурати дар истеҳсолот ҷорӣ намудани чунин навъҳои нави ба дастомада, метавон дар оянда бо харҷи ками об ҳосили баланд ба даст овард.
Яке аз мушкилоте, ки ҳоло дар кишварамон дар раванди тақвияти илмҳои табиатшиносӣ ба чашм мерасад, ин тайёр намудани олимони ҷавон дар бахшҳои генетика, селексия ва биотехнологияи муосир ба шумор меравад. Бо ин мақсад ба омӯзиши соҳаҳои генетика ва селексия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактабҳои олии кишвар ва дар муассисаҳои илмии мамлакат таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намудан зарур аст.
Муттаасифона таълими фанҳои генетика ва селексия дар назди ягон муассисаи таҳсилоти олии кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Дар муассисаҳои олии кишвар кафедраҳои ҷудогонаи тахассусӣ аз ин рӯи таълими ин фанҳо вуҷуд надорад ва мутахассисони ин соҳа ниҳоят кам мебошанд. Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ оид ба ин соҳаҳои илм Шӯроҳои дифои рисолаҳо то ҳол вуҷуд надоранд.
Дар партави гуфтаҳои боло, вақти он расидааст, ки ба рушди илмҳои табиатшиносӣ, хусусан ба бахшҳои генетика ва селексия аҳамияти хоса зоҳир намуда, барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷаҳонии соҳаҳои муосири илми биология чораҳои зарурӣ андешидан лозим аст. Барои омода намудани мутахассисон бояд кадрҳои ҷавонро аз синфҳои поёнии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ интихоб намуда, онҳоро дар мактабҳои махсуси омӯзиши фанҳои дақиқ тарбия намуд ва онҳоро тибқи дархост аз рӯи квотаҳои барномаҳои байналмилалии «Дурахшандагон» аз рӯи ихтисосҳои номбурда ба муассисаҳои олии кишварҳои хориҷаи дур ё наздик равона кард. Бе омода намудани мутахассисони ин бахшҳои зарурии илмҳои табиатшиносӣ ба даст овардани дастовардҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ дошта, ҳифз ва нигоҳдории гуногунии биологии генофонди миллии ҷумҳурӣ, омӯзиши бехатарии биологии кишвар ва таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ номумкин аст.

Бобозода Бақохоҷа – директори Институти ботаника,
физиология ва генетикаи растании АМИ ҶТ,
номзади илмҳои биологӣ

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо