Табиби ҳар як инсон пеш аз ҳама худи ӯст! Биёед худ ва хонаводаамонро аз сироятёбӣ ба бемории Коронавирус муҳофизат кунем!

 

1030887289
Айни замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии паҳншавии бемории сироятии Коронавирус тамоми тадбирҳои заруриро андешидааст. Аз ҷумла, тамоми беморхонаҳои ҷумҳурӣ дар ҳолати омодабош қарор дошта, барои пешгирӣ ва ба табобат фаро гирифтани беморон омодаанд. Аммо пешгирии ҳодиса пеш аз вуқӯъ гуфтаанд, биёед дастҷамъона саъйю талош варзем, то пеши ро
ҳи воридшавӣ ва паҳншавии ин бемориро бигирем. Табиби ҳар як инсон пеш аз ҳама худи ӯст, бо риоя кардани оддитарин қоидаву тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мо метавонем, ҳаёти худ ва наздиконамонро аз хатари гирифторӣ ба ин беморӣ, эмин нигоҳ дорем.

Бояд ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бидонад, ки ҳукумати кишвар баҳри паси сар намудани ин мушкили пешомада, тамоми тадбирҳоро андешидааст, аз ҷумла маводи хӯрокворӣ аз қабили орду равған, картошкаву пиёз ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалия харидорӣ ва захира карда шудааст. Мо набояд ба хабару овоза ва ҳонгомаҳои бардурӯғ бовар созем. Бо ҳангома ва ҳаяҷон пеши роҳи ин бемориро наметавон гирифт.
Танҳо рияои қоидаҳои гигиенӣ ва тавсияҳои табибон мо метавонем, бо сарбаландӣ ин мушкили ҷаҳониро паси сар намоем.
Мо бояд дар атрофи роҳбарияти ҳукумати ҷумҳурӣ муттаҳид шуда нагузорем, ки ҳатто як тоҷик ва тоҷикистонӣ гирифтори ин беморӣ шавад.

Дар охир чанд тавсияи муфид барои пешгирии бемории сироятии Коронавирус:
1. Ҳангоми саломнамоӣ бо наздикон ва ёру дӯстон, аз оғӯшгирӣ, бӯсидан ва дастфишурдан, худдорӣ намоед!
2. Гигиенаи шахсиро ба таври ҳатмӣ риоя намоед!
3. Тозагии ҳоҷатхонаҳои ҷои кор ва хонаро таъмин намуда, аз маҳлулҳои безераргардонанда истифода кунед!
4. Ҳангоми ба ҷойҳои ҷамъиятии серодам дохил шудан ва ба таври ҳамешагӣ аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намоед!
5. Аз гиёҳу маводҳои шифобахш мисли ҳазориспанд, пиёз, чиснок ва ғайра, барои тоза кардани фазои заҳролуд, истифода намоед!
6. Пеш аз хориҷ шудан аз хона, саҳаргоҳон хӯроки серғизо ва сервитаминро истеъмол намоед!
7. Тез-тез оби ҷӯшомада ва ё чойи гарм бинӯшед!
8. Баъди аз нақлиёти ҷамъиятӣ фаромадан ба таври ҳатмӣ дастонатонро бо маҳлули спиртӣ бишӯед!
9. Бо дастони худ чашм, даҳон ва биниатонро намолед!
10. Мудом дастонатонро бо собун бишӯед!
11. Аз ҳайвонҳои дайду ва бесоҳиб, ки бештар дар партовгоҳҳо мегарданд, канораҷӯйӣ кунед, зеро онҳо метавонанд интиқолдиҳандаи бемориҳои сироятӣ гарданд!
12. Муваққатан рафтан ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам худдорӣ кунед!
13. Дар масофаи 2 метр дур аз ҳамдигар истода, сӯҳбат намоед!
14. Ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан, сулфаи хушк ва душвор гардидани нафаскашӣ ҳатман аз кӯча баромадан худдорӣ намуда, барои ёрии таъҷилии тиббӣ муроҷиат намоед!
15. Талабот ва тавсияҳои кормандони соҳаи тибб ва корфармоятонро оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии Коронавирус, бечунучаро иҷро намоед!

 

Мирзошариф Абдусаломов

"Андеша"

 

 

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо