Хуни кӯчманчигӣ қирғизонро ором намегузорад!

 

243240402
Миллати тоҷик яке аз миллатҳои тамаддундору таърихсозе ба шумор меравад, ки дар тамоми давр ва дар байни ҳама миллатҳо бо садоқату вафои худ дар дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавориву посдории ҳаққи ҳамсоягӣ маъруф будаву ҳаст. Нияти неку хубӣ дар вуҷуди ин миллат то ба ҳадде сиришта шудааст, ки манфиати дигареро бар манфиати худ муқаддам мегузорад ва бар худ дидани зарарро раво мебинад, вале намегузорад дигаре зараре бинад.
Тайи солҳои охир байни ин ду ҳасоякишвар муноқишаҳои марзии бамиёномадаро, ки нофаҳмиҳоро боқӣ мегузорад, сахт маҳкум менамоям. Бинобар ин аз сокинони ҳамсоякишвари қирғиз даъват менамоям, ки бо ҳам дӯстӣ доштаву ҳампаймон бошем. Муноқишаи навбатии сокинони деҳаҳои Сомониёни Тоҷикистон ва Кук-Тоши Қирғизистон, ки сабаби убури сарҳад аз ҷониби як ноболиғ гардидааст, нигаронкунанда мебошад. Писарбачаи ноболиғ, Умедҷон Сафаров, ки хонандаи синфи 8 мебошад, аз оқибати нохушиҳои пешоруя меомада пай мебурд ҳеҷ гоҳ ҷониби деҳаи ҳамсоякишвар намерафт ва мавриди лату куб қарор намегирифт. Оё ин ин рафтори сокинони ҳамсоякишвари мо аз рӯи адлу инсоф аст. Наход, ки чанд марди боақлу бо ирода чунин амали носоишта ва ноҷавонмардонаро анҷом диҳанд. Оё бо хубӣ Умедҷонро мепурсиданд ва ба намояндагони Тоҷикистон дар марз муроҷиат менамуданд, ягон ҷои нофаҳмӣ дошт. Бори аввал дидаам, ки аз кӯдаки ноболиғ интиқом гиранд. Магар ин иззату ҳурмати ҳамсоядорист! Ин ҳамсояҳои ваҳшисурат ба замми ин имомони маҳаллаи тоҷиконро низ зери лату куб қарор доданд, ки онҳо дар беморхона бистарӣ мебошанд. Бо гумонам чунин амалу рафторро ҳайвонсуратону ваҳшисиратон анҷом медиҳанд, на инсонҳои боақл.

Оре, сухан инҷо сари танишҳое меравад, ки чанде боз дар марзҳои Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон барангехта мешавад ва ҳатто боиси кушта шудани тарафҳо гаштааст.   Ҳаммарз бояд хуб дар ёд дошта бошад, ки дар фарҳанги тоҷик дар баробари таъбирҳои «ҳусни ҳамҷаворӣ»-ву «муносибати неки ҳамсоягӣ» боз таъбирҳои дигаре, аз қабили «бо бадон бад бошу бо некон наку» дида мешавад.

Шояд ҳамсояе, ки имрӯз бо марзшиканиву тоҷикозорӣ ба тори асабҳои мардуми тоҷик мерасад, ҳувияти худро фаромӯш кардааст, ё худро ба мисли тоҷикон соҳибтамаддуну таърихдору таърихсоз гумон мекунад ва ё хуни кӯчманчигиаш ӯро маҷбур месозад, ки дар ҷойе қарор нагирад… Ё фаромӯш кардаанд, ки чи гуна ба давлатдорӣ расидаанду дар сарзаминҳои таърихии кӣ хайма задаанд.

Оё аз рӯйи адлу инсоф аст, ки ҳамсоякишвари мо, нофаҳмиҳоро бо истифода аз сангу силоҳ ҳал кунад. Ба андешаи ман нофаҳмиҳо бояд бо роҳи мусолиҳатомез ҳаллӣ худро ёбад.

Бадкардаро даво нест! Албата мақомотҳои қудрати “гунаҳкорони низоъ”-ро пайдо намуда, нисбаташон чораҳои дахлдор меандешанд.

 

 

Ғафурзода Шариф

Узви ҷомеаи шаҳрвандӣ

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо