Дар соли 2020 aҳолии Тоҷикистон ба 9,5 миллион нафар мерасад

 

1022418910


Тибқи эълони Бонки Ҷаҳонӣ аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ба 9,5 миллион нафар хоҳад расид.

Тибқи иттилои ТоҷикТА имсол аҳолии Тоҷикистон бо рушди 2 дарсадӣ дар муқоиса бо соли қабл ба 9 миллиону 258 ҳазор нафар расидааст. Аҳолии Тоҷикистон дар манотиқи ин кишвар 3 миллиону 300 ҳазор нафар дар вилояти Хатлон, 2 миллиону 600 ҳазор нафар дар вилояти Суғд, 2 миллиону 100 ҳазор нафар дар навоҳии марказӣ, 228 ҳазору 500 нафар дар вилояти кӯҳистони Бадахшон ва 855 ҳазор нафар дар шаҳри Душанбе сукунат доранд.

Аз нигоҳи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳоле, ки як севум аз аҳолӣ беш аз 9 миллион нафарии Тоҷикистонро навҷавонони то 14 сола ташкил медиҳанд ва барномаи муҳоҷирати нерӯи кори ҷавони ин кишвар ба хориҷ ҳам душвор шудааст, мақомоти Душанбе бояд дар фикри танзими рушди ҷамъият бошанд.

Коршиносони умури ҷамъият гуфтант, ки дар соли 2023 теъдоди ҷамъияти Тоҷикистон ба 10 миллион нафар хоҳад расид.

 

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо