Сафари Президенти Русия Владимир Путин ба Қирғизистон

 

     1030295113

      Санаи 28 ноябр мулоқоти дуҷонибаи Президенти Русия Владимир Путин ва Сооронбой Жээнбеков дар доираи ҳамоиши СААД баргузор мегардад. Президенти Русияро худи Сооронбой Жээнбеков дар фурудгоҳи байналмилалии "Манас" пешвоз гирифт. Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Владимир Путин ширкат хоҳад кард. Инчунин дар доираи ин нишаст мулоқоти дуҷонибаи сарони Қирғизистон ва Русия дар назар аст. 

       Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бегоҳи рӯзи 27 - уми ноябр барои иштирок дар иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ба Қирғизистон сафар кард ва аллакай бо Президенти ин кишвар Сооронбой Жээнбеков дидору мулоқот гузаронд. Дар рафти вохӯрӣ татбиқи тавофуқоти дуҷониба оид ба масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатии байни ду кишвар муҳокима гардид.

 





Садо

Навор

Ҳама наворҳо