Дар шаҳри Тошканд ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор гардид

dar-toshkand-alasai-navbatii-shroi-vazironi-koroi-dohilii-idm-barguzor-gardid 2



        Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон санаи 21 ноябр ҷаласаи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Хуршед Каримзода Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Даврон Ҷураев сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии гумрукӣ иштирок намуданд. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои марбут ба фаъолияти гумрукӣ, аз ҷумла мувофиқаи шакл, ҳаҷм ва вақти мубодилаи иттилоот ҷиҳати татбиқи моддаи 3-и «Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳо ба обеъктҳои моликияти зеҳнӣ», мувофиқаи лоиҳаҳои «Созишнома оид ба тайёр намудани кадрҳо барои мақомоти гумруки давлатҳои иштирокчии ИДМ аз рӯи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва барномаҳои таҳсилоти иловагии касбӣ» ва “Созишнома оид ба тартиби гузоштани мӯҳр ва топпаҳои гумрукӣ дар ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ ва тиҷоратӣ аз ҷониби мақомоти гумруки давлатҳои иштирокчии ИДМ” баррасӣ шуданд. Инчунин интихоби роҳбар ва котиби Шӯрои роҳбарони хадамоти гумрук ва Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқии Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокчии ИДМ, тасдиқи лоиҳаи Нақшаҳои кории Шӯрои роҳбарони хадамоти гумрук ва Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқии Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокчии ИДМ, мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Санаи 23 декабри соли 1993 барои ҳамоҳангсозии фаъолияти гумрукии кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасъсис дода шуд.

 

 

 

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо