Афсари қирғиз худро ба дор овехт

 

images 1Тибқи иттилои хабаргузории Tajikistantimes.com дар қисми низомии №73809 дар Кой-Тоши вилояти чӯи Қирғизистон як афсар худро ба дор овехтааст. Ин хабарро сухангӯи Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон Гулзод Жарашева тасдиқ кард.

Манбаъ мегӯяд, ҳодиса 10 ноябри соли равон дар шаҳраки низомие рух дод, ки дар онҷо сарбозони қисми низомӣ хидмат мекунанд.

«Ӯ афсар буд ва рутбаи майор дошт. Ҷасадашро дар утоқи хидматӣ пайдо карданд. Парвандаро Додситонии низомӣ таҳқиқ дорад ва ҳамчунин санҷиши хидматӣ оғоз шудааст», — афзуд Жарашева.

Соли 2018 расонаҳо дар бораи латтукӯб шудани сарбозон дар қисми низомии мазкур хабар дода буданд. Дар пайи шикояти як қатор волидон чандин афсар аз мақомҳои худ барканор шуданд.

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо