Аз санаи 11 то 15 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронида мешаванд

 maxresdefault 2


Тибқи иттилои Таҳмина Убайдуллозода котиби матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 12 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон сурат мегирад. Инчунин санаи 12 ноябр вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Санаи 13 ноябр ҳайати ҳунарӣ ва расмии Рӯзҳо ба ноҳияи Данғара сафар хоҳанд кард, ба сокинон ва меҳмонони ноҳия барномаи ҷолиби ҳунарӣ пешниҳод намоянд. Баргузории консерти муштарак санаи 14 ноябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳунарпешагони тоҷик ва ӯзбек барномаи Рӯзҳоро боз ҳам рангинтар месозад. Инчунин дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 10 то 14 октябри соли 2017 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, ки мақсади он мустаҳкам намудани равобити фарҳангии ду давлати бо ҳам дӯсту бародар- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буд. Дар шаҳри Душанбе моҳи марти соли 2018 барномаи фарҳангии муштараки «Шоми дӯстӣ» бо иштироки устодони санъати ҳарду мамлакат баргузор гардида буд.

Дар умум таҳкими равобити самарабахши ин ду давлати ҳамсоя -Тоҷикистону Ӯзбекистон дар арсаҳои гуногун на танҳо ба манфиати ду мамлакат, балки барои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ИДМ, хусусан рушди иқтисодиёт, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, таъмини амният ва суботи минтақа дар шароити ҷаҳони зудтағйирёбанда, таҳкими марзҳои давлатӣ, ки ҳамзамон сарҳади тамоми кишварҳои ИДМ маҳсуб меёбад, нақши калидӣ мебозад.

 

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо