Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони ҳукумати кишварҳои узви СҲШ

 

CyQzXB15725274520183 b


Ҷаласаи сарони ҳукумати кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон оғоз шуд.

Дар ин ҷаласа ҷониби Тоҷикистонро сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода намояндагӣ мекунад. Тибқи иттилои хабаргузории РИА Новости Русияро дар ин ҷаласа роҳбари ҳукумати ин кишвар Дмитрий Медведев муаррифӣ мекунад.

Дар рафти кори ҷаласа, Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷониба низ баргузор мекунад.

Санаи 1 –уми моҳи ҷорӣ Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон бо Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон дидору гуфтугӯ кард.

Зимни мулоқот ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбакистон баррасӣ гардиданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷаласаи навбатӣ дар шаҳри Тошканд тарафҳо густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобилро бо мақсади ҳалли масъалаҳо доир ба ташаккули иқтисоди ҷаҳонии боз ва таҳкими низоми бисёрҷонибаи савдо, ки ба қоидаҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат асос ёфтааст, баррасӣ хоҳанд кард.

Дар ҷаласа инчунин амалисозии барномаи Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту энергетика, саноат, молия, бахши кишоварзӣ, гумрук, телекоммуникатсия ва ғайра табодули назар мекунанд.

Бояд қайд намуд, ки ба ҳайати СҲШ Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон шомил мебошанд ва Афғонистон, Белорус, Эрон ва Муғулистон дар ин созмон мақоми нозирро доранд.

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо