ӮЗБЕКИСТОН БА ТОҶИКИСТОН МОШИНҲОИ ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ ФИРИСТОД

 

97458274 707904429979885_5743194018687221760_nШиркати «UzAuto»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мошинҳои ёрии таъҷилӣ дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти ширкати мазкур.

«Бо мақсади густариши парки махсуси беҳдоштии мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва расонидани кумаки саривақтӣ ба беморон дар давраи пандемия, ба Тоҷикистон як миқдор мошинҳои ёрии таъҷилии тиббии тамғаи «Damas» фиристода шуд», — омадааст дар иттилоия.
Ҳар як мошин дорои лавозимоти иловагии муҳофизатӣ барои кормандони тиб мебошад.
АМИТ «ХОВАР»

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо