Абдуллоҳ Абдуллоҳ: "Сулҳ дар инҳисори як нафар буда наметавонад."

 

1029933022
Sputnik Афғонистон
/ Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Афғонистон дар бораи роҳҳои ба даст овардани сулҳ гуфта, тавзеҳ додаст, ки дар кори он танҳо як шахс ё як вазорат наметавонад дастболо шавад.

Мавсуф таъкид кардааст, ки мардуми Афғонистон низ ҳақ доранд, дар бораи сулҳ мавзеъгирӣ, баҳс ва гуфтугӯ дошта бошад.

Ба гуфтаи вай, ба тими музокиракунанда бояд ҷомеа ва ҳукумат шомил бошад. 

"Гуфтугӯҳо ва тими музокиракунанда тими ҷомеъ бошад, ба шумули ҳуқумат. Аммо ба ҳеҷ сурат, як вазорат наметавонад кори сулҳро пеш барад. Бархе изҳоротҳо шуда буд, ки тамоми фаъолиятҳо дар меҳвари як вазорат сурат бигиранд, ки фикр мекунам онқадар санҷидашуда набуданд", - изҳор доштааст вай.

Доктор Абдуллоҳ ҳамчунин афзудааст, ки мардуми Афғонистон ба хотири ормонҳо, озодиҳо ва ҳуқуқашон қурбонии зиёде дидаанд.

Ба гуфтаи вай, сулҳ дар инҳисори як нафар буда наметавонад ва тасмимгирандаҳои аслӣ мардуми Ағонистон ҳастанд.

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо