Иштирок Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии дуюми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ

 

49140872112 ba2eab482d_n


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 29 ноябр дар Вохӯрии дуюми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов дар вохӯрӣ ширкат карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои пазироии самимӣ ва ташкили сатҳи баландӣ вохӯрӣ изҳори сипос намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки «Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷонибдори таҳким ва рушди муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии байни давлатҳо мебошад» .

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таваҷҷуҳи сарварони давлатҳои Осиёи Марказиро ба ҳалли масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиӣ ҷалб карданд. Ҳамчунин масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ва муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҳамчунин раисӣ дар Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал ба таври гузариш ба муҳлати се сол, шурӯъ аз соли 2020 ба Тоҷикистон гузашт. Сарварони давлатҳо номзадии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда, қарори Хазинаи Байналмилалии наҷоти Аралро ба имзо расониданд.

Тибқи ин қарор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Раиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал интихоб гардид.

 

 

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо