Дар бораи мо

 

Таъсиси боз як сомонаи ҷадид аз тарафи ҷавонони равшанфикр
Сомонаи иттилоотӣ –таҳлилии «Андеша»

Дар фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як сомонаи иттилоотиву таҳлилӣ арзи ҳастӣ намуд. Сомонаи иттилоотӣ-таҳлилии «Андеша» дар заминаи ташкилоти ҷамъиятии Маркази равшанфикрон ва ҷавонон «Андеша» таъсис ёфтааст. Ин марказ, минбари озод барои баёни андешаи ҷавонон буда, дорои сомонаи мустақили иттилоотиву таҳлилии худ мебошад. Чун 70 фисади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, барои ибрози андешаи ҷавонон як минбари хос зарур буд. Ин марказ дар сомонаи худ андешаи ҷавонон оид ба мушкилоти рӯзмарра ва пешниҳоди онҳо барои пешрафти кишварро нашр менамояд. Дар замони рушди бомароми технологияҳои информатсионӣ ва ҷаҳонишавӣ, ҷавонони тоҷикро мебояд ҳамқадами замони хеш буда, минбари хоса барои ибрози назарро дошта бошанд. Маркази мазкур мувофиқ бо талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, хабарҳои воқеӣ, беғаразона ва касбии журналистиро пешниҳоди аудиторияи худ менамояд. Ин сомона назари хоси олимони ҷавон ва ҷавонони муваффақ, пешниҳоду эроди онҳоро оид ба ин ё ҳодиса ва рӯйдод рӯи чоп меорад. Ҳамчунин баҳри реалӣ гаштани орзуҳои ҷавонони тоҷик талош намуда, барои рушди маҳорати ҷавонони фаъол мусоидат менамояд.
«Андеша» – минбари ибрози андешаи Шумо ҷавонон аст!
Рисолати мо муҳайё намудани фазои солими ақида ва афкор, густариши арзишҳои демократӣ мебошад. Ҷавонони тоҷик бояд равшанфикр бошанд ва баҳри такмили донишҳои худ пайваста талош варзанд. Ақидаи ҷавонони тоҷик набояд пойбанди хурофот буда, ҷавонони тоҷикро месазад дар замони тараққиёти илму фановариҳо универсалӣ бошанд. Барои сохтани чунин афкор Маркази равшанфикрон ва ҷавонони «Андеша» таъсис ёфтааст.
Марказ минбарест барои нашри хабарҳои бидуни сензура, баҳсу мунозираҳои озод. Ҷавонони равшанфикри тоҷик аз ин минбари озодии баён истифода намоед.

Садо

Навор

Ҳама наворҳо