Футболбозони то 17-солаи Тоҷикистон ба Ватан баргаштанд

 

75224686 787471618340179_8803228281441615872_o



Баъд аз иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2019 дар кишвари Бразилия дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол ба Ватан баргашт. Барои пешвози футболбозони наврас ба толори меҳмонони расмии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва дӯстону пайвандон омада буданд. Баъд аз пешвозгирии самимӣ масъулин бо ҳайати мунтахаб суҳбат доир карданд ва барои иштирокашон дар ин мусобиқоти бонуфуз ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ изҳори сипос намуданд.

Зайниддин Раҳимов сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба роҳбарияти Федератсияи футболи мамлакат барои муҳайё кардани шароити тамрин ҷиҳати омодагӣ ба чемпионат изҳори миннатдорӣ намуд. Зайниддин Раҳимов ваъда дод, ки минбаъд баҳри баланд бардоштани обрӯю нуфузи футболи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, хусусан соли оянда дар Ҷоми Осиё, ки дар Ӯзбекистон байни ҷавонони то 19-сола баргузор мегардад, тамоми қувваю маҳораташонро сарф менамояд, то дастпарваронаш бо сари баланд ба Ватан баргарданд.

 

 

 

 

Садо