Нилуфар Бобоёрова ба даври чаҳорякфиналии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс баромад

 

Nilufar-Boboyorova-


Тибқи иттилои АМИТ «Ховар» Нилуфар Бобоёрова Варзишгари тоҷик рӯзи душанбе бар Чаҳира Селмунаи алҷазоирӣ ғалаба кард. Инчунин Нилуфар Бобоёрова ба даври чаҳорякфиналии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни занон баромад. Рақобати Нилуфар ва Чаҳира бо ҳисоби 3 бар 2 ба анҷом расид.

Пас аз рақобат Нилуфар бо шодии зиёд гуфт: Ин бори аввал аст, ки ман дар чунин мусобиқа иштирок мекунам ва албатта, на ҳама корҳоям самарабахш буданд. Мо пеш аз чемпионати ҷаҳон бисёр тамрин кардем. Ман хеле шодам, ки имрӯз ғалаба ба даст овардам. Ташаккури зиёд ба мухлисон барои чунин дастгирии гарму самимӣ.

Инчуни Миҷгона Самадова Варзишгари дигари тоҷик низ намояндаи                              Кот-д’Ивуарро шикаст дод ва ба даври ҳаштякфиналии мусобиқа баромад

Санаи 10 октябр дар даври чаҳорякфинал Нилуфар Бобоёрова бо Екатерина Динники намояндаи Россия рақобат хоҳад кард. Екатерина Динники барандаи медали биринҷии чемпионати Аврупо дар соли 2018 мебошад. Ёдовар мешавем, ки Екатерина дар даври ҳаштякфиналӣ дар вазни то 64 кг намояндаи Австралия Ҷессика Мессинаро мағлуб кард.

Аз санаи 3 то 13 октябр Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар шаҳри Улан-Удэи Федератсияи Россия баргузор мешавад.

Дар Чемпионати ҷаҳон Тоҷикистонро чаҳор варзишгар — Миҷгона Самадова (-57 кг), Шоира Зулқайнарова (-60 кг), Нилуфар Бобоёрова (-64 кг) ва Идимоҳ Холова (-69 кг) намояндагӣ хоҳанд кард. Мусобиқаи мазкур дар 10 вазн, аз ҷумла -48 кг, -51 кг, -54 кг, -57 кг, -60 кг, -64 кг, -69 кг, -75 кг, -81 кг ва +81 кг сурат мегиранд.

Беш аз 300 нафар варзишгарон аз 75 кишвар дар чемпионати мазкур ширкат мекунанд. Мавзуна Чориева барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон — 2012 дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад.




Садо