Боксиёрони тоҷик дар Андиҷон ду медал ба даст оварданд

 

08d93c18400184a8664cb6156fd20cbc


Санаи 5-6 октябр дар шаҳри Андиҷони Узбекистон мусобиқаи байналмилалии бокс барои хотираи Валентин Золотарев баргузор гардид.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа 177 варзишгар аз Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия ширкат варзиданд.

Тоҷикистонро дар мусобиқа ҳафт боксёр намояндагӣ карданд, ки дар натиҷа як медали тилло ва як медали биринҷиро ба даст оварданд.

Бахтиёр Мирзомуҳаммад, ки дар вазни то 75 кило баромад кард ва дар панҷ задухӯрд 5 пирӯзӣ ба даст овард ва дар натиҷа соҳиби медали «Тилло» гардид.

Медали биринҷиро Дилшод Оқилов (-52 кг) ба даст оварда, ба нимфинал баромад ва дар он ҷо аз намояндаи Қазоқистон мағлуб шуд ва дар натиҷа соҳиби ҷойи сеюм шуд.

 

 

 

 

 

Садо