Пас аз се рӯз Варзишгари ММА аз Узбекистон баъд аз муҳориба дар беморхона даргузашт

 

NYRX5dTY2SLUaIXPYLVvEF30yDxuSJBR


Тибқи иттилои sports.uz. Санаи 4 октябр Бекзод Нурматов Варзишгари ММА аз Узбекистон дар мусобиқаи АСА 100, ки дар шаҳри Грозний, Ҷумҳурии Чеченистон баргузор шуд мағлуб шуд. Нурматов дар ин мусобиқаи мазкур бо варзишгари русӣ Беслан Исоев рақобат кардааст.

Тибқи иттилои манбаъ баъд аз муҳориба саломатии Нурматов хеле хуб буд ва ҳатто ӯ майдонро худсарона тарк кард. Аммо баъд аз чанд лаҳза Нурматов худашро бад ҳис кард ва аз ҳуш рафт. Нурматовро дар ҳол ба беморхона бурданд.

Тибқи иттилои пизишкон Нурматов ба сактаи дил гирифтор шуда буд. Дар давоми се рӯз вазишгар бе ҳуш ва дар ком буд. Варзишгар Нурматов дар синни 28-солагӣ аз олам даргузашт.

Бекзод Нурматов дар давоми варзишгариаш дар ММА 11 маротиба ғолиб шуда буд ва ду маротиба шикаст хурдааст.

 

 

 

Садо