Паҳлавонони тоҷик дар Эстония дар чемпионати ҷаҳон қувваозмоӣ мекунанд

 

 

hqdefaultБино ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ ду варзишгари ҷавони тоҷик аз намуди гӯштини юнонӣ-римӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин иштирок мекунанд. Чемпионат 12 август дар шаҳри Таллини Эстония оғоз гардид ва то 18 август идома меёбад. Дар мусобиқот беҳтаринҳои ҷаҳон аз рӯи гӯштини тарзи озод (10 вазн), гӯштини бонувон (10 вазн) ва юнонӣ-римӣ (10 вазн) миёни ҷавонон муайян мегарданд. Дар қувваозмоиҳо варзишгарон аз 67 давлати дунё иштирок мекунанд, ки миёни онҳо ду варзишгари тоҷик низ ҳастанд. Асламҷон Азизов (вазни 55кг) ва Далер Ризозода (вазни 72кг) дар гӯштини юнонӣ-римӣ ҷумҳурии моро намояндагӣ мекунанд. Варзишгаронро дар Эстония сармураббии дастаи мунтахаби кишвар оид ба гуштини юнонӣ-римӣ миёни ҷавонон Равшан Ҳайдаров ҳамроҳӣ дорад.
Қувваозмоиҳои гӯштини юнонӣ-римӣ 16-18 август баргузор мешаванд. Ёдовар мешавем, ки Далер Ризозода соли равон дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола сазовори медали нуқра ва дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон сазовори медали биринҷӣ гардидааст. Асламҷон Азизов бошад, дар мусобиқаи байналмилалӣ миёни ҷавонон барои ҷоизаҳои чемпиони Бозиҳои олимпӣ Ж. Ушкемпиров дар Қазоқистон медали биринҷӣ ба даст овардааст.

Садо