Ҷалби диққати расонаҳои хабарии Испания ба ташаббуси ФФТ

 

 

spainИқдоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар даври дуввуми бозии Лигаи Олии кишвар дар майдондории Локомотив Помир ва Душанбе 83 бо номи "Stay strong Spain! Tajikistan is praying for you!” - "Қавӣ бош Испания! Тоҷикистон дуогӯи туст!" диққати ҳамаи расонаҳои испаниро ба худ ҷалб кард. Бояд қайд намуд, ки ин мушоҳидаро расонаҳои испанӣ зимни пахши мустақими бозиҳои чемпионати Тоҷикистон дар сомонаи as.com ба қайд гирифтанд. Дар рақобати Локомотив ва Душанбе, ки онро ҳазорҳо мухлисони испанӣ мустақиман назорат бурданд, дар гирди майдон навиштаҷот бо дастгирии мардуми тоҷик аз дӯстони испанӣ ва ҳолати вазнин дар шоҳигарии Испания гузошта шуда буд. Ин иқдоми нек диққати мардуми мусибатзадаи испаниро каме ҳам бошад ба мардуми тоҷик ва дуогӯи худ ҷалб намуд. Умедвор ҳастем, ҳадди ақал ҳамакнун бо шуниди номи тоҷик мардум аз ин кишвар тасаввуроти хубро нисбат ба мардуми бофарҳанги мо дар сар хоҳад дошт.

 

https://varzishtv.tj/tj/news/stay-strong-spain-tajikistan-is-praying-for-you/

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо