ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ЧОР МЕДАЛ БА ДАСТ ОВАРДАНД

 

69f100fda4cc23a59f94ef1c3cf2e675
6 – 8 ноябр дар шаҳри Нови-Сади Сербия Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо баргузор гардид. Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS), дар Чемпионати ҷаҳон миёни мардону занон ва наврасон наздики 400 варзишгар аз 30 кишвари дунё иштирок дошт. Дар ин мусобиқоти бонуфуз аз Тоҷикистон Комроншоҳ Устопириён (90 килограмм), Хушқадам Хусравов (62 килограмм) Акмалиддин Каримов (57 килограмм) ва Самеъҷон Абдушукуров (миёни наврасон, 87 килограмм, самбои варзишӣ) ширкат карда, соҳиби 4 медал (нуқра ва се биринҷӣ) гардиданд.

Медали нуқраро Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, ба даст овард. Акмалиддин то даври финалӣ Нгуен Рубин (Франсия), Бектош Назаров (Ӯзбекистон) ва Андрей Лашичуки украиниро шикаст дод, дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Владимир Гладкихи русиягӣ бо ҳисоби 0:1 ноком шуд. Зимнан, бояд гуфт, ки ин чорумин финал барои Акмалиддин Каримов буд.
Паҳлавони дигари тоҷик Комроншоҳи Устопириён рақибаш Шокирӣ ал-Ҳаюниро (Марокаш) мағлуб намуда, баъдан аз қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон Сергей Рябови русиягӣ бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Сипас, Комроншоҳ барои ҷойи севум бар Ярослав Давядчук (Украина) бо натиҷаи калони 6:0 зафар ёфт.
Хушқадам Хусравов бошад, дар рақобати аввал аз Александр Матайс (Россия) шикаст хӯрда, дар даври тасаллобахш бар самбочии сербиягӣ Небоҷса Николис пирӯз гардид. Барои гирифтани мақоми сеюм Фарҳод Абжалиеви қирғизро ноком кард.
Инчунин, як медали дигарро миёни наврасон Самеъҷон Абдушукуров ба даст овард.

Садо

Навор

Ҳама наворҳо