Муҳорибаи Ҳабиб ва Тонӣ баргузор намешавад, мегӯяд Ҳабиб Нурмагамедов

 

habibvithToniНурмаҳаммедов: "Ҳабиб бошад, аз тамоми ӯҳдадориҳо озод аст ва намоишкорона тамрин мекунаду аз кишваре ба кишвари дигар парвоз анҷом медиҳад? Барои муҳориба ҷонамро дар хатар монам?"

Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммедов эълон кардааст, ки муҳориба бо варзишгари амрикоӣ - Тонӣ Фергюсон баргузор намешавад.

Ӯ сабаби баргузор накардани муҳорибаро дар пешгирии бемории сироятии “Коронавирус” арзёбӣ мекунад. Тавре ӯ мегӯяд, дар ҳоле ки тамоми ҷаҳон барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус кӯшиш мекунад, ӯ наметавонад истисно бошад.

Ҳабиб меафзояд, ки аз чунин ранг гирифтани қазия нигарон аст. Нақшаҳои ӯ низ дар пайи пандемия барбод рафтанд.

Тонӣ бошад, пас аз бозгашти Ҳабиб ба Россия, ӯро ба тарсончакӣ муттаҳам кард. Пештар роҳбарияти UFC эълон кард, ки муҳорибаро дар кадом ҳолат набошад, баргузор мекунад.

Бояд қайд намуд, ки маротибаи панҷум аст, ки муҳорибаи Фергюсон ва Нурмуҳаммедов бо сабабҳои гуногун лағв мешаванд.

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо