Пойгаи аспдавонӣ ва гуштини миллӣ, бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ

 

aspdavoni
Санаи 21 март мусобиқаи ҷумҳуриявии гуштини миллӣ таҳти унвони “Гӯштингирӣ” ва 22 март пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти Ҷоми Пойтахт - 2020 баргузор карда мешавад. Тавре манобеъ мегӯянд шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ барои баргузории ин чорабиниҳо зиёда аз 190 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст.
“Ҳамчунин аз 13 март то 17 апрел дар майдончаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти “Ҷоми пойтахт” баргузор карда мешавад. Бо ин мақсад 128 ҳазору 800 сомонӣ ҷудо гардид”, - омадааст дар иттилоия.

gushtin
Рустами Эмомалӣ мақомдоронро муваззаф кардааст, ки дар чорабиниҳои наврӯзӣ беҳтарин варзишгарон, паҳлавонону аспсаворонро ҷалб кунанд. Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе дастур гирифтааст, ки ташкили барномаи фарҳангӣ бо ҷалби ҳунармандони беҳтарин дар ҷойи баргузории мусобиқаҳоро таъмин кунад.

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо