Варзишгарони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Paris Grand Slam 2020» иштирок менамоянд

 _1Тибқи иттилои АМИТ “Ховар” дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Paris Grand Slam 2020», ки 8-9 феврал дар «AccorHotels Arena of Bercy»-и пойтахти Франсия — шаҳри Париж доир мегардад, ширкат меварзад. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон муддаиёни роҳхатҳои олимпӣ Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни -73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100 кг) шомил мебошанд. Хабаргузории АМИТ Ховар дар такя бо Федератсияи байналмилалии дзюдо мегӯяд, дар «Paris Grand Slam 2020» беш аз 800 нафар варзишгарон аз 122 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард. Ин марҳилаи дуввуми «Силсилаи ҷаҳонӣ» пас аз «Grand Slam»-и моҳи январ дар Исроил аст. Дар рӯзи аввали мусобиқа, рӯзи шанбе, барои медалҳо аз рӯи чор вазн миёни бонувон — 48, 52, 57 ва 63 кг ва се вазн миёни мардон — 60, 66 ва 73 кг қувваозмоиҳо сурат мегиранд. Рӯзи якшанбе ғолибон ва ҷоизадорони ҳафт вазни боқимонда муайян мешаванд: 70, 78 ва +78 кг миёни бонувон ва 81, 90, 100 ва +100 кг миёни мардон. Ҳамагӣ барои 14 маҷмӯи медалҳо байни мардон ва бонувон бозӣ карда мешавад. Аз рӯи натиҷаи ин мусобиқа, варзишгарон дар раддабандии олимпӣ хол ба даст меоранд.

 

https://khovar.tj/2020/02/dzyudochiyoni-to-ik-dar-musobi-ai-bajnalmilalii-dzyudo-paris-grand-slam-2020-ishtirok-menamoyand/

Садо

Навор

Ҳама наворҳо