Оғози мусобиқаи байналмилалии дзюдо - Гран-при дар Тель-Авив

 

66

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Давлаталӣ Назаралиев, Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншох Устопириён, Саидҷалол Саидов, Темур Рагимов ва Шакармамад Мирмаммедов барои иштирок дар Гран-при ба Исроил мераванд. Қувваозмоиҳо дар Тель-Авив ба таври анъанавӣ се рӯз идома меёбад. Бино бар иттилои манбаъ, дар Тел Авив чун анъана се рӯз идома меёбад.

«23 январ варзишгарони вазнашон -60 кг, -66 кг (мардон) ва -48, -52 кг, -57 кг (занон) рӯи татамӣ мебароянд. Ягона варзишгар дар байни варзишгарони мо Давалӣ аст. Вай дар даври аввал озод аст.  Ҳарифаш дар даври дуюм Гусман Қирғизбоев аз Қазоқистон мебошад".

Дар рӯзи дуюм мусобиқаҳо дар вазнҳои -73 кг, -81 кг (мардон), -63 кг, -70 кг (занон) баргузор мешаванд ва се варзишгари мо - Беҳрӯз, Сомон ва Акмал - барои ба даст овардани ҷоизаҳо мубориза мебаранд. Беҳрӯз ва Сомон дар даври аввал озод мебошанд, Акмал бо Кристиан Тониста аз Эстония рақобат мекунад.

Дар рӯзи сеюм вазнҳои -90 кг, -100 кг, + 100 кг (мардон), -78 кг, + 78 кг (занон). Рӯзи сеюм мо шоҳиди ҳунарнамоии 4 паҳлавонамон мегардем. Комроншоҳ ва Темур дар даври аввал озоданд. Рақибони Сайҷалол дар даври аввал Левис Медина аз Ҷумҳурии Доминикан ва Шакармамад Бегболот аз Қирғизистон мебошанд.

Чун анъана, ғолибон бар иловаи медал мукофотпулӣ мегиранд - 3000 доллар барои ҷои аввал, 2000 доллар барои ҷои дуюм ва $ 1000 барои ҷои сеюм. Варзишгарон инчунин холҳо ба даст меоранд ва мавқеи худро дар рейтингҳои ҷаҳонӣ ва олимпӣ беҳтар мекунанд

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо, 548 варзишгар (315 мард, 233 зан) аз 83 кишвар (7 вазн барои мардон, 7 вазн барои занон) дар 14 вазн ширкат хоҳанд кард.

 

 

 

 

 

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо