Дар «Ҷоми рушд-2020» дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дастаи Исландия ғолиб омад

 

01-28-11-1

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2020»-ро дар шаҳри Мински Беларус дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол бо ғалаба оғоз кард. Бо ҳисоби 2:1 дар даври аввал шогирдони Аҳлиддин Турдиев бар дастаи наврасони Исландия пирӯзи ба даст оварданд.

Тибқи иттилои манбаъ, голҳоро аз ҳайати Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Худойдодзода дар дақиқаи 27-ум ва Суннатулло Азизов дар дақиқаи 75-ум ба ҳадаф расониданд.

Бозии навбатии гурӯҳи В байни дастаҳои Исроил ва Гурҷистон бо ҳисоби мусовӣ (1: 1) хотима ёфт.

Дар даври дуввум дастаи Тоҷикистон рӯзи 21 январ бо дастаи Исроил вомехӯрад. Бозӣ соати 14:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.

Ҳашт даста дар ҳар ду давр бозӣ мекунанд. Сипас ғолибони гурӯҳҳо ба финал мебароянд, дастаҳои ҷои дуюми гурӯҳҳо барои ҷои сеюм бозӣ мекунанд.

 

 

 

 

 

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо