Дар шаҳри Тошканд Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни калонсолон соли 2021 баргузор мегардад

 

CHM-po-dzyudo-tashkent-2012

15 январ Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) ва Федератсияи дзюдои Ӯзбекистон шартнома имзо карданд, ки тибқи он Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар соли 2021 дар Тошканд баргузор мешавад. Ин қарордод зимни сафари президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визер ба Ӯзбекистон бо раиси Федератсияи дзюдои Ӯзбекистон Азизҷон Комилов ба имзо расидааст.

Тибқи иттилои манбаъ, чемпионати ҷаҳон бояд дар пойтахти Австрия баргузор мегардид. Бинобар сабаби танишҳои коррупсионӣ Вена аз мизбонии чемпионати ҷаҳон даст кашид.

Ёдовар мешавем, ки бори аввал дар таърихи IJF ва Федератсияи байналмилалии варзиши нобиноён (IBSA) баргузории Ҷоми Ҷаҳон дар соли 2021 ба нақша гирифта шудааст. Мусобиқаи IBSA пас аз поёни мусобиқаи ҷаҳонии дзюдо баргузор мешавад.

Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо барои соли 2022 дар Будапешт ва 2023 дар Доха ба нақша гирифта шудааст.

                                                                                                   

 

 

 

 

 

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо