Чемпионати CAFA оид ба футбол миёни духтарон дар Душанбе доир мегардад

 

cafa-futsal-u19


Бо сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) аз 24 то 29 январ дар шаҳри Душанбе аввалин Чемпионати CAFA-2020 оид ба футбол миёни духтарони то 19-сола баргузор мегардад.

Дар чемпионат 6 даста аз Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкат меварзанд. Дар доираи чемпионати CAFA 2020, барои духтарони то 19-сола 15 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ ташкил карда мешавад. Дастае, ки бештар холҳоро ба даст меорад, ғолиб мешавад.

Тоҷикистонро дар мусобиқа дастаи мунтахаби бонувони ҷавон оид ба футбол бо роҳбарии сармураббӣ Шерзод Ҷумъаев намояндагӣ мекунад.

 

Чемпионати CAFA-2020 оид ба футбол миёни духтарони то 19-сола

 

Даври 1-ум санаи 24 январ (ҷумъа)

Эрон – ТОҶИКИСТОН

Қирғизистон – Афғонистон

Ӯзбекистон – Туркманистон

 

Даври 2-юм санаи 25 январ (шанбе)

 

ТОҶИКИСТОН – Туркманистон

Ӯзбекистон – Қирғизистон

Эрон – Афғонистон

 

Даври 3-юм санаи 26 январ (якшанбе)

 

Туркманистон – Эрон

Афғонистон – Ӯзбекистон

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

 

Даври 4-ум санаи 28 январ (сешанбе)

 

Қирғизистон – Туркманистон

Афғонистон – ТОҶИКИСТОН

Ӯзбекистон – Эрон

 

Даври 5-ум санаи 29 январ (чоршанбе)

 

Туркманистон – Афғонистон

Эрон – Қирғизистон

ТОҶИКИСТОН – Ӯзбекистон

 

Бозиҳо дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо