Айём Хабиров – варзишгари тоҷик соҳиби медали тило гардид

 

79472414 2742585439095727_8713613677141426176_n
Тавре хабаргузории Tajikistantimes иттилоъ медиҳад, дар мусобиқаи XXV-уми қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои муҳорибавӣ дар рӯзи 14-уми декабр дар шаҳри Твери Федератсияи Русия  дар вазни сабук Айём Хабиров  соҳиби медали тило шуд.

Рӯзноманигор  Хилватшоҳи Маҳмуд дар саҳифаи “Фейсбук”-и худ хабар додааст, ки дар ин мусобиқаи бонуфуз варзишгари тоҷик то вазни 57 килограмм ҳунарнамоӣ карда соҳиби ҷои аввал гардид.

Бояд қайд намуд, ки Айём зодаи Федератсияи Русия буда, аммо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ зери парчами Тоҷикистон баромад мекунад. Мураббии Айём устоди дараҷаи байналмилалӣ Рустам Одинев, ки худ зодаи Тоҷикистон аст, дар рушди варзиши тоҷик аз он ҷумла гуштини самбо ва самбои муҳорибавӣ саҳми арзанда дорад.

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо