Даври ниҳоии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар Душанбе баргузор мегардад

78758877 2427381287510258_1782174946940682240_n

 

          Дар шаҳри Душанбе санаи 14 декабр марҳилаи ниҳоии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад. Бахшида ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкил мешавад.

Фестивал аз ду намуд иборат хоҳад буд: мусобиқаҳои гурӯҳӣ ва бозиҳои намоишӣ. Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз 3 марҳила иборат хоҳад буд ва марҳилаи аввал 20 март дар сатҳи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оғоз меёбад. Марҳилаи дуввум 8 сентябр дар сатҳи минтақавӣ ва вилоят баргузор шуд. Дар даври ниҳоии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ғолибони марҳилаи дуюм ва ҳаводорони намудҳои гуногуни варзиш иштирок менамоянд.

Ҳадафи Фестивали миллии варзишӣ эҳё ва рушди варзишҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигоҳ доштани таърих, фарҳанг, анъана ва расму оинҳои тоҷикон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ, эҳтиром ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад.  Ғолибон ва иштирокчиёни Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бо ҷом, диплом, раҳматнома ва тӯҳфаҳои Кумитаи тадорукот қадрдонӣ карда мешаванд.

 

 

 

 

 

                                                                                                                         Акс аз АМИТ «Ховар»

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо