Иштироки дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин

 

Dastai-futboli-Tochikiston


Дар Мусобиқаи байналмилалии «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019» дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-22) оид ба футбол иштирок мекунад. Санаи 8 то 14 декабр мусобиқаи мазкур дар шаҳри Жуҳайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад. Дастаи мунтахаби мамлакат бо роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев бо дастаҳои олимпии Чин (8 декабр), Малӣ (11 декабр) ва Сурия (14 декабр) бозӣ мекунад. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як давр доир мегардад.

Мусобиқаи байналмилалии «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019»

1-ум давр санаи 8 декабр соати 15:00. Сурия – Малӣ

Ҳамзамон соати 19:35. Чин – тоҷикистон

2-юм давр санаи 11 декабр соати 15:00. Малӣ – тоҷикистон

Ҳамзамон соати 19:35. Сурия – Чин

3-юм давр санаи 14 декабр соати15:00. Тоҷикистон – Сурия

Ҳамзамон соати 19:35 Чин – Малӣ

Бо вақти Чин оғози бозиҳо муайян шудааст.

 


 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо