Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон таҳти №413 аз 15 августи соли 2019 мӯҳлати бақайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои намунаи нав то 15-уми феврали соли 2020 тамдид карда шуд.

 

ҚАРОРИ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019, № 413, ш. Душанбе Дар бораи ворид намудани тағйир ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, № 207-7

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Дар банди 3 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, № 207-7 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» рақам ва калимаи «6 моҳ» ба калимаҳои «як сол» иваз карда шаванд.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН


 

Садо